Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи мактаби нав дар ҷамоати деҳоти Қалъанак

26.08.2011 11:00, ноҳияи Рашт

Омўзгорон ва фарзандони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Тўли якчанд ҳафтаи охир мову шумо шоҳиди он гардида истодаем, ки бахшида ба ҷашни бузурги миллии Тоҷикистон - бистумин солгарди истиқлолияти давлатии Ватани азизамон дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат даҳҳо иншооти нави соҳаи маориф ба истифода дода шуданд.

Сохтмони боз як таълимгоҳи нави замонавӣ дар ҷамоати деҳоти қалъанаки ноҳияи Рашт идомаи ҳамин раванди неки созандагӣ ва далели дастгирии доимии соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас аз ҷониби давлат ва ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Аз ин лиҳоз, ҳамаи шумо - ҳозирини гиромиро аввалан ба муносибати бистсолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон ва ифтитоҳи боз як махзани илму маърифат ва боргоҳи касбу ҳунар самимона табрику таҳният гуфта, ҳамчунин ба сохтмончиён ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин муассисаи таълимии хуштарҳу зебо саҳми арзанда гузоштаанд, арзи сипос менамоям.

Сохтмони мактаби мазкур ҳанўз соли 1986 оғоз гардида, барои таҳсили 630 нафар хонандагони деҳаҳои Қалъанак, Белгӣ, Хуфак, Сафедхок ва Шаҳринав ба нақша гирифта шуда буд.

Маҳз ба шарофати ваҳдати милливу истиқлолияти давлатӣ шароит фароҳам омад, ки сохтмони мактаб аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ба анҷом расонида шавад. Бо ин мақсад танҳо дар давоми се соли охир беш аз 4 миллион сомонӣ масраф гардидааст.

Бинои мактаб аз ду ошёна иборат буда, дорои 23 синфхонаи таълимиву 6 утоқи фаннӣ, инчунин толори варзишӣ, маҷлисгоҳ ва ошхона иборат мебошад ва майдони умумии он 3 гектарро ташкил медиҳад.

Имрўз ҳамаи синфхонаҳо бо таҷҳизоти зарурӣ ва утоқи технологияи информатсионӣ бо 14 компютер омодаи истифодабарӣ қарор доранд, ки ин барои беш аз 400 нафар хонандагону 18 нафар омўзгорони ин боргоҳи илму маърифат тўҳфаи хуби ҷашнӣ мебошад.

Маориф соҳаи муҳимтарини ҳаёти давлат ва ҷомеа мебошад ва бинобар ин, ҳукумати мамлакат ба пешрафти соҳа таваҷҷўҳ ва ғамхории доимӣ зоҳир менамояд. Зеро таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибҳунар ва сазовори анъанаҳои неки гузаштагон, бо асосҳои илму дониши замонавӣ ошно сохтани наврасону ҷавонон яке аз омилҳои асосии рушди минбаъдаи кишвар ва расидан ба дастовардҳои навин мебошад.

Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон дар ноҳияи Рашт дар радифи дигар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ соҳаи маорифи ноҳия низ хеле пеш рафтааст.

Солҳои охир танҳо аз ҳисоби Фонди Президенти Тоҷикистон 14 мактаб ва 41 синфхонаи иловагӣ ва тавассути буҷети мутамарказонидашудаи ҷумҳурӣ 18 мактаб ба маблағи қариб 8 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Ҳамзамон бо ин, дар ин давра 23 мактаб аз таъмир бароварда, сохтмони толори варзишӣ дар назди мактаби рақами 30 ба маблағи 320 ҳазор сомонӣ ва хобгоҳи интернати наздимактабии дорои 20 ҳуҷра анҷом дода шудааст.

Бояд таъкид намоям, ки дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои зикршуда, яъне сохтмони мактабу синфхонаҳо ва муҷаҳҳаз намудани онҳо бо таҷҳизоту лавозимоти хониш ва техникаву технологияҳои замонавӣ сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас, дараҷаи азхудкунии барномаҳои таълимӣ ва интихоби касбу ҳунар дар муассисаҳои соҳаи маорифи ноҳия торафт беҳтар шуда истодааст.

Аз ҷумла, иштироки хонандагони ноҳия дар озмунҳои фаннии минтақаву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сол аз сол фаъолтар гардида истодааст, ки ин, албатта шоёни таҳсин ва намунаи ибрат ба толибилмони дигар мебошад.

Дар шароити кунунии рушду тараққиёти ҷомеаи ҷаҳонӣ мо бояд фарзандонамонро ба омўзиши ҳарчи бештари илмҳои муосир, техникаву технологияҳои компютерӣ ва забондониву азхуд кардани касбу кори гуногун ҳидоят намоем.

Зеро маҳз фарзандони донишманду соҳибҳунар ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ, яъне шогирдони имрўза метавонанд пешрафти ояндаи давлатро таъмин намоянд. Фаромўш набояд кард, ки Ватанро танҳо кадрҳои баландихтисосу соҳибмаърифат ва забондону дорои касбу ихтисоси ба талаботи замона ҷавобгўй обод карда метавонанд.

Яке аз сабабҳои қабули қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” низ ҳамин аст, ки мо фарзандони худро ҳанўз аз синни хурдсолӣ тарбияи дуруст диҳем ва онҳоро барои фарогирии донишҳои замонавӣ омода созем ва кўдакону наврасонро тавре ба камол расонем, ки онҳо дар оянда ба манфиати ҷомеа ва давлат хизмати арзанда карда, дар пешрафти Ватани соҳибистиқлоли худ ҳамчун кадрҳои замони нав саҳм гузошта тавонанд.

Аз ин лиҳоз, ба ҳамаи падару модарон, аҳли маориф ва тамоми ҷомеа зарур аст, ки дар баробари таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ба масъалаҳои тарбияи ахлоқӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандўстиву ватанпарварии онҳо пайваста эътибори ҷиддӣ диҳанд.

Ба шарофати оромиву суботи ҷомеа ва соҳибистиқлолии кишварамон ҳамасола садҳо нафар хатмкунандагони мактабҳои ноҳия ба муассисаҳои таҳсилоти олии ватанӣ ва кишварҳои хориҷӣ дохил мешаванд.

Ҳоло тибқи квотаи Президентӣ аз ноҳия 139 нафар, аз ҷумла 77 нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар таҳсил карда истодаанд ва умед ҳаст, ки онҳо баъди гирифтани маълумоти олӣ ба зодгоҳи худ баргашта, чароғи илму донишро ҳамеша фурўзон нигоҳ медоранд ва дар ободиву пешрафти ноҳия саҳми арзанда мегузоранд.

ҳукумати мамлакат ба масъалаи беҳтар намудани вазъи иҷтимоии кормандони соҳаи маориф, аз ҷумла бо роҳи баланд бардоштани маоши онҳо мунтазам ғамхорӣ мекунад.

Зеро устодону омўзгорон меъмори ҳастии инсон буда, аз фаъолияти садоқамандонаву муносибати дилсўзонаи онҳо ташаккули ҷавонони донишманди даврон ва созандагони ояндаи кишвар вобастагии калон дорад.

Дар баробари ин, ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳалли мушкилоти соҳаи таълиму тарбия на танҳо вазифаи давлат ва мактабу маориф, балки аз ҷумлаи вазифаҳои ҷонии волидайн низ мебошад. Чунки тарбияи фарзанд, пеш аз ҳама, аз оила ибтидо гирифта, тавассути таълим дар мактаб ба камолот мерасад.

Бинобар ин, бори дигар хотирнишон месозам, ки вазифаи муқаддас ва аввалиндараҷаи падару модар ҳам дар назди фарзанд ва ҳам дар назди халқу Ватан ва ҷомеа дар вуҷуди фарзанди хеш тарбия намудани ҳисси баланди ватандўстиву инсонпарварӣ, ҳидояти ў ба роҳи рост, риояи ҳатмии қонунҳои давлат, одобу ахлоқи нек ва азму талош ба омўзиши илму дастовардҳои техника ва технологияҳои муосир мебошад.

Итминони комил дорам, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Рашт бо истифода аз суннатҳои неку писандидаи аҷдодӣ минбаъд низ барои осоиши ҷомеа, ободии Ватан, таҳкими ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои истиқлолият саъю кўшиши худро дареғ намедоранд.

Бо изҳори ҳамин орзуҳои нек, бори дигар ҳамаи шумо – ҳозирини мўҳтарам ва кулли мардуми бонангу номус ва сарбаланди ноҳияи Раштро ба ифтихори бистумин солгарди истиқлолияти давлатӣ ва ифтитоҳи мактаби нав табрик гуфта, бароятон бахту саодат, рўзгори хушу обод ва дар кору фаъолияти ҳаррўзаатон ба нафъи халқу Ватани азизамон комёбиҳо орзу менамоям.

Бигзор осмони софу сулҳу осоиш дар ҳар хонадони кишвар пойдор ва ваҳдати милливу истиқлолияти давлатии Ватани азизамон абадан устувор бошад!

Ҳамеша хонаи ободу баракати рўзгор насибатон бошад!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520