ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 6 декабри cоли 2013 № 606
ш. Душанбе
Дар бораи ректори Донишкадаи
кӯҳию металлургии Тоҷикистон
таъин намудани Фозилов М.М.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Фозилов Мухтор Муродалиевич ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ФОЗИЛОВ МУХТОР МУРОДАЛИЕВИЧ
Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
ФОЗИЛОВ Мухтор Муродалиевич 22 сентябри соли 1965 дар ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1989 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис - геолог хатм кардааст. Номзади илмҳои геология ва минералогия, дотсент.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1989 ҳамчун муҳаққиқ-коромӯз оғоз намуда, аз соли 1994 дар вазифаҳои ассистент, дотсент, муовини декан, декани факултети геология дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз соли 2012 то имрӯз дар вазифаи мудири кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданоки факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Муаллифи зиёда аз 150 мақолаҳои илмӣ, фишурдаҳо, китобу дастурҳои таълимию методӣ мебошад.
Барандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илм ва техника сарфароз гардида, «Аълочии маорифи Тоҷикистон» мебошад.
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабри соли 2013 Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон таъин гардид.