Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон



ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР


аз 6 декабри cоли 2013 № 602
ш. Душанбе

Дар бораи Директори иҷроияи филиали
Донишгоҳи давлатии Москва ба номи
М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе
таъин намудани Нозимов А.А.


Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Нозимов Абдулҳамид Абдуалимович Директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

 

НОЗИМОВ АБДУЛҲАМИД АБДУАЛИМОВИЧ
Директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе


НОЗИМОВ Абдулҳамид Абдуалимович 24 декабри соли 1957 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1980 Донишгоҳи давлатии Саратови Федератсияи Россияро бо ихтисоси филологияи рус хатм кардааст. Солҳои 1983-1986 дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии педагогии Москва таҳсил намудааст. Доктори илмҳои филологӣ, профессор, академики Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Россия мебошад.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1980 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба сифати ассистент оғоз намуда, то соли 2003 дар вазифаҳои дотсент, профессор, мудири кафедра ва декани факултети Донишгоҳи мазкур кор кардааст.

Солҳои 2003-2008 дар Донишгоҳҳои технологӣ ва омӯзгории Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ кор кардааст.

Солҳои 2008-2011 ба ҳайси муовини аввали ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, сардори раёсати Вазорати маориф, ноиби ректор оид ба илми Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода кор кардааст.

Аз апрели соли 2011 дар вазифаи мудири Шуъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Номбурда муаллифи зиёда аз 150 асарҳои илмӣ, таълимию методӣ ва китобҳои дарсӣ мебошад.

Бо унвони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабри соли 2013 Директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе таъин гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520