ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 6 декабри cоли 2013 № 600
ш. Душанбе
Дар бораи ректори Консерваторияи
миллии Тоҷикистон таъин намудани
Азизӣ Фароғат Абдуқаҳҳорзода
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Азизӣ Фароғат Абдуқаҳҳорзода ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
АЗИЗӢ ФАРОҒАТ АБДУҚАҲҲОРЗОДА
Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон
АЗИЗӢ Фароғат Абдуқаҳҳорзода 28 феврали соли 1957 дар ноҳияи Шаҳритус таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1981 Консерваторияи давлатии Тошкандро бо ихтисоси мусиқишиносӣ хатм кардааст. Доктори илмҳои санъатшиносӣ.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1981 дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода оғоз намуда, то соли 1998 дар вазифаҳои омӯзгор, дотсент, мудири кафедраи Донишкадаи мазкур кор кардааст.
Солҳои 1998–2003 ба ҳайси ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи таърих, мардумшиносӣ ва бостоншиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Солҳои 2003–2006 ҳамчун ноиби ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон оид ба илм ва равобити байналмилалӣ адои вазифа намудааст.
Аз соли 2006 дар вазифаи муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Бо Ордени Шараф дараҷаи 2 ва унвони Арбоби ҳунари Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Доктори Академияи байналмилалии “Ҷаҳони антиқа” ва Барандаи Ҷоизаи байналмилалии ЭКО мебошад.
Номбурда муаллифи 4 монографияи илмӣ, 3 китоби дарсӣ ва зиёда аз 100 мақолаи илмӣ мебошад. Бо забонҳои англисӣ ва русӣ озодона ҳарф мезанад.
Оиладор, соҳиби 1 фарзанд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабри соли 2013 Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон таъин гардид.