Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон



ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР


аз 6 декабри cоли 2013 № 595
ш. Душанбе
 

Дар бораи ректори
Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон
таъин намудани Салимов А.Ф.


Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Салимов Амонулло Файзуллоевич ректори Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

САЛИМОВ АМОНУЛЛО ФАЙЗУЛЛОЕВИЧ
Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур


Салимов Амонулло Файзуллоевич 30 майи соли 1967 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1991 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном-олим ва соли 2006 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст. Доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1991 ба ҳайси лаборанти калони Институти илмӣ-тадқиқотии биотехнология оғоз намуда, минбаъд ҳамчун ассистенти кафедраи «Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ», аспиранти кафедраи «Физиологияи растанӣ ва биотехнология», дотсенти кафедраи «Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ» ва ҷонишини декани факултети агробизнеси Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2001-2004 ҳамчун ёвари Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.

Аз соли 2004 то ба имрӯз ноиби ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон оид ба таълим фаъолият дорад.

Бо медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

Муаллифи зиёда аз 100 асарҳои илмӣ ва ихтироот мебошад.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд аст.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06 декабри соли 2013 ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур таъин гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520