Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон



ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР


аз 6 декабри cоли 2013 № 593
ш. Душанбе
 

Дар бораи Сардори Саридораи
бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон таъин намудани
Мирсаидова Д.А.


Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Мирсаидова Дилором Амоновна Сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

 

МИРСАИДОВА ДИЛОРОМ АМОНОВНА
Сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИРСАИДОВА Дилором Амоновна 23 июни соли 1969 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1991 Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоновро бо ихтисоси таърихчӣ-муаллим хатм кардааст. Номзади илмҳои таърих.

Фаъолияти меҳнатияшро аз соли 1991 ҳамчун Ассистенти кафедраи «Таърихи сиёсии асри XX»-и Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон оғоз намудааст.

Солҳои 1995-1998 ба ҳайси аспиранти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Солҳои 1998-2004 дар мансабҳои дотсенти кафедраи «Таърихи халқи тоҷик», муовини декан оид ба корҳои илмии факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.

Аз моҳи октябри соли 2004 дар вазифаи Мудири Шуъба оид ба масъалаҳои ҷавонон, спорт ва туризми Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабри соли 2013 Сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520