Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон



ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР


аз 6 декабри cоли 2013 № 591
ш. Душанбе
 

Дар бораи Сардори Хадамоти зиддиинҳисории
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Раҷабов А.А.

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Раҷабов Абдусамад Абдурауфович Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

 

РАҶАБОВ АБДУСАМАД АБДУРАУФОВИЧ
Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Раҷабов Абдусамад Абдурауфович соли 1972 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1994 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо дипломи аъло бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст. Номзади илмҳои иқтисодӣ мебошад.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1994 ҳамчун ассистенти кафедраи молияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон оғоз намуда, минбаъд ба ҳайси аспиранти Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, ассистент – муаллими кафедраи молия ва қарз, ассистенти кафедраи назарияи иқтисоди Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва мутахассис оид ба хариди байналмилалии Маркази ҳамоҳангсозии кӯмаки берунаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2006-2010 сармутахассис, менеҷери шӯъбаи харид ва муовини директори маркази идораи лоиҳаи кредит дар соҳаи маориф фаъолият намудааст.

Аз соли 2010 аввал ҳамчун сардори Раёсати сармоягузории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2011 то ба имрӯз Сардори Сарраёсати сармоягузорӣ ва ҳамоҳангсозии кӯмаки берунаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.

Бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06 декабри соли 2013 Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520