Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон



ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР


аз 6 декабри cоли 2013 № 588
ш. Душанбе
 

Дар бораи Директори Агентии
суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Ҳакимов Р.А.


Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ҳакимов Руҳуло Абдуғаниевич Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 


ҲАКИМОВ РУҲУЛЛО АБДУҒАНИЕВИЧ
Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ҳакимов Руҳулло Абдуғаниевич – 23 июни соли 1968 дар ноҳияи Колхозободи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 2003 Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппаро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1990 ба ҳайси нозир, нозири калони шӯъбаи таъинот, баҳисобгирии нафақа ва ёрдампулиҳои Идораи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон оғоз намуда, минбаъд дар мансабҳои мутахассиси пешбар, сармутахассис, Ҷонишини сардор, сардори шӯъбаи буҷети Идораи молияи вилояти Хатлон кор кардааст.

Солҳои 2004-2010 сардори Идораи молияи вилояти Хатлон, Сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ва муовини раиси вилояти Хатлон адои вазифа намудааст.

Солҳои 2010 – 2012 раиси ноҳияи Ҷалолидини Румии вилояти Хатлон фаъолият намудааст.

Аз майи соли 2012 то ба имрӯз муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бо медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

Оиладор, соҳиби 6 фарзанд мебошад.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06 декабри соли 2013 Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520