Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими ифтитоҳи Донишкадаи такмили ихтисоси омўзгорон ба номи Тутишо Назришоев

16.08.2011 17:00, шаҳри Хоруғ

Дар шаҳри Хорўғ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бинои нави Донишкадаи такмили ихтисоси омўзгорон ба номи Тутишо Назришоев, ки бо харҷи 2 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре зикр гардид, дар ин донишкада имкони дар як сол то 1200 нафар омўзгоронро ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомўзӣ қабул кардан мавҷуд аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки «илму техникаи муосир босуръат пешравӣ дорад, аз ин хотир барои ҳамқадам бо замон будан ҳар як коргару мутахассис бояд пайваста донишу малакаи худро такмил диҳад».

Чунонки аён гардид, дар назди донишкада маҳфили академияи хурди илмҳо фаъолият дорад, ки ба он 50 нафар мактаббачагони дорои қобилияти илмӣ – тадқиқотӣ шомил гаштаанд.

Дар паҳлўи хобгоҳи донишҷўёни Донишкадаи давлатии Хорўғ ба номи Моёншо Назаршоев, ки соли гузашта бо 360 ҷойи хоб мавриди истифода қарор гирифта буд, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бинои дуюми хобгоҳи донишҷўён оғоз бахшид.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҷойи бунёди хобгоҳи дуюм санги асос ва нома ба наслҳои оянда гузошта, ба масъулин дастур дод, ки ин бино дар зарфи 2 сол бо беҳтарин шароити зист, дарстайёркунӣ ва истироҳату фароғат сохта ба истифода дода шавад.

Бо омода гаштани ин бино дар 2 хобгоҳ 720 нафар донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Хорўғ, ки аз дигар шаҳру ноҳияҳо ба ин ҷо барои таҳсили илм шомил мешаванд, соҳиби ҳуҷраҳои зист ва дигар шароити зарурӣ мешаванд.

Тавре иттилоъ дода шуд, барои бунёду таҷҳизи хобгоҳи дуюми донишгоҳи Хорўғ 5,5 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Маҷмааи бошукўҳи варзишии шаҳри Хорўғ, ки бунёдаш бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт, дар зарфи 2 соли оянда бо харҷи 12 миллион сомонӣ омода хоҳад шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, ин маҷмаа дорои толори универсалии дарозию паҳноияш 60х36 метр хоҳад буд, ки бо 2000 ҷойи нишаст барои тамошобинон барои 12 намуди варзиш пешбинӣ шудааст. Маҷмаа, ҳамчунин дорои толорҳои хурди варзиши бадан бо василаҳои гуногуни муосир, толори фитнес, утоқҳои либосивазкунӣ ва дигар шароити зарурӣ шуда, дар майдони 3620 метри мураббаъ доман паҳн хоҳад кард.

Дар назди шифохонаи марказии вилоятии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бинои нави 4- ошёнаи таваллудхона оғоз бахшида шуд, ки дорои 4 шуъбаи табобатӣ ва 53 кати хоб хоҳад буд.

Тибқи супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ин бино дар зарфи 1,5 сол бо харҷи 12 миллион сомонӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Барои бунёди он 6,8 миллион сомонӣ аллакай ҷудо гардидааст.

Дар ҳамин ҷо як духтараки маъюби ҳунарманд ба Эмомалӣ Раҳмон тоқию ҷўроби бадахшӣ, ки худаш бофтааст, тақдим намуда, аз ў дархост намуд, ки барои духтаракони ҳунарманди шаҳри Хорўғ як коргоҳи хурди маҳсулоти дастбофти бадахшӣ бунёд карда шавад.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов дастур дод, ки дар зарфи 2 моҳи оянда чунин коргоҳ бо 15 ҷойи корӣ омода карда шавад ва барои оғози корашон маблағи зарурии аввалия ҷудо карда шавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520