Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон



ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР


аз 6 декабри cоли 2013 № 586
ш. Душанбе

Дар бораи Раиси Кумитаи ҳифзи
муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон таъин намудани
Ибодзода Хайрулло


Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ибодзода Хайрулло Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
 

ИБОДЗОДА ҲАЙРУЛЛО
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ибодзода Хайрулло 24 феврали соли 1967 дар шаҳри Норак таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1991 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон бо ихтисоси муҳандис-гидротехник, соли 2001 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо ихтисоси муҳандис-барқчӣ ва соли 2007 Донишкадаи иқтисодии Тоҷикстонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1991 дар вазифаи асистенти кафедраи иншооти гидротехникии факултаи гидромелиоративии Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон оғоз намуда, солҳои 1992-2001 техник, муҳандис ва сардори коргоҳи иншооти гидротехникии Неругоҳи барқии обии Норак, 2001-2002 ҳамчун мутахассиси барқи минтақавӣ дар лоиҳаи «Идораи захираҳои об дар ҳавзаи баҳри Арал» дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон кор кардааст.

Солҳои 2002-2011 ба ҳайси намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар шаҳри Душанбе ва шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон адои вазифа намудааст.

Аз моҳи марти 2011 дар вазифаи мудири Шуъбаи экология ва ҳолатҳои фавқулоддаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд. Бо забонҳои англисӣ ва русӣ озодона ҳарф мезанад.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабри соли 2013 Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520