ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 6 декабри cоли 2013 № 582
ш. Душанбе
Дар бораи муовини якуми Вазири
маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Мирбобоев Р.М.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Мирбобоев Раҳматулло Мадаюбович муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
МИРБОБОЕВ РАҲМАТУЛЛО МАДАЮБОВИЧ
муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии ТоҷикистонМИРБОБОЕВ Раҳматулло Мадаюбович 22 августи соли 1956 дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1977 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст. Номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент.
Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1977 дар вазифаи ассистенти кафедраи иқтисоди сиёсии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон оғоз намуда, то соли 2006 дар вазифаҳои муаллими калони кафедра, муовини декан, дотсенти кафедра дар Донишгоҳи мазкур кор кардааст.
Солҳои 2006-2010 дар вазифаҳои декани факултети молиявию иқтисодӣ ва факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Солҳои 2010-2012 вазифаи муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
Аз соли 2012 дар вазифаи ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон кор карда истодааст.
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабри соли 2013 муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.