Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Ванҷ

15.08.2011 11:00, ноҳияи Ванҷ

Субҳи имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳ ва оғози сохтмони як қатор иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон рафт.

Сафари кории Сарвари давлат ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон аз ноҳияи Ванҷ оғоз ёфт.

Дар мавзеи Хумроғии ноҳияи Ванҷ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Исломии Афғонистон пули азиме дар болои рўди Панҷ, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон мепайвандад, дар фазои тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ифтитоҳи ин пули бузург, ки панҷумин пули пайвандсози Тоҷикистону Афғонистон аст, боиси хушҳолию сипоси бепоёни мардуми ду соҳили рўди Панҷ дар ин мавзеъ гардид. Хусусан шодию нишоти мардуми деҳоти наздики Афғонистон беҳадду канор буд, зеро зиёда аз 10 ҳазор аҳолии ин гўшаи ҳамсоякишвари дўсту бародар то ин вақт умуман ба ҳеҷ самт роҳи мошингард надоштаанд.

Тавре зикр гардид, лоиҳаи бунёди ин пули азим дар асоси қарордоди сеҷонибаи ҳукуматҳои Тоҷикистону Афғонистон ва Созмони рушди Оғохон татбиқ гардидааст.

Ин пул бо дарозии 216 метр дарозтарин пули овезон дар Тоҷикистон мебошад. Паҳноии он 5 метр ва иқтидори борбардориаш 30 тонна будааст. Ба иттилои масъулин, ин пул бо харҷи наздики 12 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ мардуми ноҳияи Ванҷ ва сокинони деҳоти наздисарҳадии ҷумҳурии Исломии Афғонистонро бо ифтитоҳи ин пули азим табрику таҳният гуфта, онро тўҳфаи арзанда ба истиқболи солгарди 20 – уми истиқлолияти давлатии Тоҷикистон номид.

Дар суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин зикр гардид, ки ин пули чоруми миёни Тоҷикистону Афғонистон дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон мебошад. Таъкид гардид, ки пули Ванҷ имкон медиҳад зиёда аз 70 ҳазор аҳолии тоҷику афғон аз ду соҳили рўди Панҷ миёни ҳам робитаҳои саҳлу мустақими нақлиётию тиҷоратӣ ба роҳ монда, сатҳи зиндагии худро беҳ созанд.

Тавре иттилоъ дода шуд, аз ду ҷониби пул дар хоки Тоҷикистон ва Афғонистон бозорҳои наздисарҳадӣ фаъол мегарданд. Дар ин ҷо, ҳамчунин нуқтаҳои санҷишии сарҳадбонону кормандони гумрук бунёд ёфта, бо харҷи қариб 2 миллион сомонӣ бо таҷҳизоти муосири ташхису назорат муҷаҳҳаз гардидаанд.
Лоиҳакашӣ ва сохтмони ин пули азим аз ҷониби муассисаҳои ватании Тоҷикистон сурат гирифта, дар ҷараёни он беш аз 450 нафар соҳиби кору маоши хуб буданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520