Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ

14.08.2011 13:00

Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

Ҷаноби Олӣ,

Сарфарозам, ки Шумо ва мардуми шарифи Покистонро ба муносибати ҷашни солгарди истиқлоли кишвари дўст табрику таҳният гўям.

Пойдевори боэътимоди ҳуқуқии муносибатҳои неки Тоҷикистону Покистон ҳанўз дар оғози истиќлоли мо гузошта шуда, то имрўз рушду тавсеаи ҳамкориҳои гуногунсоҳаи мутақобилан судманди ду кишвари ҳамсоя натиҷаҳои хубу назаррас ба бор овардаанд.

Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш, умедворам, ки иҷрои аҳду паймонҳои ду ҷониб дар чаҳорчўбаи сафари имсолаи расмии ман ба Покистон муносибатҳои дўстӣ ва ҳамкории муфиди моро ба сатҳи сифатан нав боло хоҳад бардошт. Ҷониби Тоҷикистон, ба хотири татбиқи манфиатҳои муштараки мо, таҳкими суботу амнияти минтаќа ва рушди устувори он саъю кўшиши заруриро дар ин самт дареғ нахоҳад дошт.

Бо ибрози беҳтарин орзую таманниёт, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатии комил ва дастовардҳои навин ва ба мардуми дўсти Покистон сулҳу субот, шукуфоӣ ва комёбиҳо хоҳонам.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520