Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон



ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР


аз 30 ноябри cоли 2013 № 537
ш. Душанбе
 

 

Дар бораи Директори Агентии беҳдошти замин
ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Ҳасанов Ҳ.У.

 

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ҳасанов Ҳомидҷон Усмонович Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.


Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

 

Ҳасанов Ҳомидҷон Усмонович
Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳасанов Ҳомидҷон Усмонович - 1 июни соли 1960 дар ноҳияи Тоҷикобод таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1982 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис – гидротехник хатм кардааст. 

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1982 ба ҳайси устои колоннаи сайёри механиконидашудаи №9, ноҳияи Ленин оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои саркори колоннаи сайёри механиконидашудаи №9, ноҳияи Ленин, котиби озоди кумитаи комсомол, котиби комитети ҳизбии коммунистӣ, ҷонишини раиси колхози ба номи Ленин, ноҳияи Ленин кор кардааст.

Солҳои 1994-2004 сармуҳандис, сардори Иттиҳодияи истеҳсолот ва таъминоти Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Директори Маркази татбиқи лоиҳаи барқарорсозии фаврии системаи обрасонии Ёвон адои вазифа намудааст.

Аз соли 2004 то ба имрӯз дар мансаби муовини Вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.

Бо ордени Шараф дараҷаи I сарфароз шудааст.

Оиладор, соҳиби 6 фарзанд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2013 Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520