Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cафари корӣ ба ноҳияи Бохтар

10.08.2011 11:00, ноҳияи Кӯшониён

Имрўз субҳи барвақт сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон дар ноҳияи Бохтар идома ёфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ноҳияи Бохтар литсейи президентии хонандагони болаёқатро, ки дар мавзеи дилфиребу назаррабои соҳили дарёи Вахш ҷойгир шудааст мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Ин мактаби боҳашамат, ки нахустин литсейи президентӣ дар ноҳияи Бохтар аст, дорои як бинои сеошёнаи таълимӣ барои 660 нафар хонандаи болаёқат дар як баст, ду хобгоҳи чор ошёна бо 660 ҷойи хоб дар алоҳидагӣ барои духтарон ва барои писарон пешбинишуда, як бинои истиқоматии панҷошёнаи дорои 20 хона барои омўзгорон дар майдони 10 га замин доман паҳн кардааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барои қабули омўзгорони касбӣ ва хонандагони лаёқатманд тавассути телевизиону радио ва дигар воситаҳои ахбори умум ҷиддӣ ва мутобиқ ба талаботи замон озмун эълон карда шавад.

Бинои таълимии литсейи президентӣ дорои 22 синфхонаи зебою муҷаҳҳаз, чор озмоишгоҳи фаннӣ, чор устохонаи омўзиши ҳунарҳои дуредгарӣ, моделсозӣ, дўзандагӣ ва пўхтани таому шириниҳо, чор синфхонаи компютерӣ, китобхонаи электронӣ, ду синфхонаи лингофонӣ барои омўзиши забонҳои хориҷӣ ва дигар шароити таълиму тадриси хонандагон аст.

Дар ин литсей хонандагони болаёқат аз рўйи 5 тамоюл – ҷамъиятию гуманитарӣ, риёзӣ, технологияи ҳунаромўзӣ, санъату ҳунарҳои зебо ва варзиш таълиму тарбия дода мешаванд.

Толори зебою дилнишини маҷлисии литсей, ки бо 320 ҷойи нишаст, дорои шароити зарурии маҷлисороӣ ва чорабиниҳои илмию фарҳангӣ аст, бо сифати баланд бунёду муҷаҳҳаз гаштааст.

Толори барҳавои варзишии литсей дорои шароити машқу тамрин аз рўйи намудҳои гунгуни варзиш ва 450 ҷойи нишаст барои тамошобинон аст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар толор 1000 ҷойи нишаст омода карда шавад ва минбаъд толорҳои варзишии мактабҳои калон боз ҳам васеътар сохта шаванд.

Зимни боздиди Президенти кишвар дар майдончаи замонавии омўзиши қоидаҳои ҳаракати роҳ, ки дар саҳни литсей қарор дорад, дастаи мактаббачагони ноҳияи Бохтар машғули машқ буданд. Тавре иттилоъ дода шуд, ин даста дар мусобиқоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ин самт сазовори ҷойи дуюм гардидааст.

Хобгоҳҳои литсейи президентӣ дорои беҳтарин шароити муосири зист, истироҳату фароғат ва дарстайёркунӣ мебошад.

Тавре зикр гардид, дар ин литсей ҷараёни дарсҳо, гашту гузор ва ҳар як хонаи хобгоҳ тавассути камераҳои мушоҳидавӣ назорат карда мешавад.
Ошхонаи литсей низ, ки дорои 320 ҷойи нишаст мебошад, зебою муҷаҳҳаз ва мувофиқ ба талаботи олии зарурӣ аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам беҳтар кардани шароити таълиму тарбия ва ободонию кабудизоркунии ҳудуд ва атрофи литсей супоришҳои мушаххас дод.

Бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар қисмати шарқии шаҳри Қурғонтеппа бозори Ҳоҷӣ Шариф мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар майдони 11 га замини ноҳияи Бохтар доман паҳн намуда, боиси бо кори доимӣ таъмин гардидани 7 ҳазор нафар тоҷирону соҳибкорони маҳаллӣ гардидааст.

Тавре иттилоъ дода шуд, ояндаи наздик дар ин ҷой беш аз 14 ҳазор нафар соҳибкорону тоҷирон соҳиби ҷойи кор хоҳанд шуд.

Бозор бо шукўҳи идона бо иштироки васеи гурўҳҳои фарҳангӣ, ҷавонону наврасон, тоҷирону соҳибкорон ва аҳли ҷамоати ин диёр ифтитоҳ ёфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ташаббускорони ин иқдоми накў, тоҷирону соҳибкорон ва мардуми ин минтақаро бо ифтитоҳи ин маркази муосири тиҷоратӣ табрику таҳният гуфта, онро тўҳфаи арзанда ба мардуми шаҳри қурѓонтеппаю атрофи он ба истиқболи солгарди 20 – уми Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон арзёбӣ намуд.

Зимни шиносоӣ бо бахшҳои гуногуни бозои Ҳоҷӣ Шариф аён гардид, ки дар он маҳсулоти либосворӣ, техникаю таҷҳизоти барқӣ ва зарфҳои рўзгордорӣ, хўрокворӣ ва коргоҳҳои дўзандагию пардозгарӣ ҳар яке дар бахшҳои алоҳидаи муносиб ҷойгир шудаанд.

Дар бозор 6 ошхонаи муҷаҳҳази замонавӣ бо тариқи худхизматрасонӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо ба аҳли бозор ва меҳмонону харидорон хўрокҳои лазизи гуногун бо нархҳои арзон пешкаш мегарданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маслиҳат дод, ки намудҳои гуногуни хўрокворӣ, аз ҷумла мевагиҳо, сабзавоти тару тоза, меваи хушк, асал, гўшт ва маҳсулоти гўштӣ низ дар бахшҳои алоҳида ҷойгир шаванд, то ки бо ин ҳам қоидаҳои санитарию тозагӣ ва ҳам фарҳанги волои шаҳрдорию бозордорӣ риоя карда шавад.

Дар маркази ноҳияи Бохтар, ҳамчунин барои аҳли санъату фарҳанги воло Кохи боҳашамати фарҳанг ба истифода дода шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, кохи фарҳанг бо харҷи 1,5 миллион сомонӣ маблаѓҳои буҷетӣ бунёд ёфта, толори калони он дорои 320 ҷойи нишаст ва шароити хуби кору тамрин ва ҳунарнамоӣ мебошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аҳли фарҳангу санъати ноҳияи Бохтарро бо ифтитоҳи ин кохи бошукўҳ табрику таҳният гуфта, онҳоро ба вусъати корҳои эҷодӣ ва тарбияи завқи баланди мардум ҳидоят намуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520