Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон

09.08.2011 16:00, ноҳияи Балҷувон

Бегоҳии рўз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи 3 иншооти муҳими иҷтимоию фарҳангӣ иштирок намуд.

Бо ширкати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шайидон, ки маркази ҷамоати деҳоти Сари Хосор аст, нахуст маркази минтақавии тавонбахшии кўдакон ва наврасони маъюб ифтитоҳ ёфт.

Тавре таъкид шуд ҳоло як бинои ин марказ бо 20 ҷойи хоб омода гашта дар ду бинои дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд. Дар маҷмўъ дар ин ҷо 9 бино бо 150 ҷойи хоб омода мегардад. Маркази мазкур барои тавонбахшӣ ва барқарорсозии саломатии маъюбони шаҳру навоҳии минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон пешбинӣ шудааст.

То имрўз барои сохтмону таҷҳизонидани ин марказ 3 миллиону 145 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ харҷ гардида 23 нафар дар сохтмони марказ соҳиби ҷойи кор шудаанд. ҳамчунин пеш аз ҳама 33 нафар корманди соҳаи тиб, дар бинои омодагаштаи марказ машғули кор мебошанд. Баъди пурра ба истифода супурда шудани ин маркази минтақавӣ 150 нафар корманд ва мутахассис дар ин ҷо ба кор ҷалб карда мешаванд.

Марказ дорои шароити хуби тавонбахшию барқарорсозии саломатӣ буда ба андешаи мутахассисон, обу ҳаво ва муҳити зисти ин мавзеи биҳиштосо худ омили беҳтарини барқарорсозии сиҳатмандӣ аст.

Иншооти дуюм, ки дар деҳаи Шайидон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт китобхонаи ҷамъиятии дорои ду толор ва 4300 нусха китобҳои гуногун мебошад.

Тавре зикр гардид, дўстодорони китобу китобхонӣ дар ин мавзеи кўҳистон кам нестанд ва то имрўз дар китобхонаи навтаъсис аллакай 300 нафар хонандагони доимӣ номнавис шудаанд.

Осорхонаи таърихӣ ва кишваршиносии ҷамоати деҳоти Сари Хосор, ки дар деҳаи мазкур ифтитоҳ ёфт, дорои 3 толор - толори ёдгориҳои таърихӣ, сарватҳои табиӣ ва гўшаи табиати зинда буда, метавонад дар муаррифии ин гўшаи зебоманзару таърихии Тоҷикистони азиз ба меҳмонону сайёҳон аз дохил ва хориҷи кишвар нақши муҳим дошта бошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини ҷумҳуриявию маҳаллӣ барои беҳсозии шароти зисти мардуми ин деҳот, сохтмону ободонии роҳҳо, аз ҷумла роҳи мошингарди Балҷувон – Сари Хосор, зиёд намудани маҳсули заҳмати боғдорону ҷангалпарварон ва умуман ҳамаи кишоварзони ин минтақаи кўҳистон супоришҳои мушаххас дод.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520