Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баъди навсозӣ ифтитоҳи дубораи Кўли ҷавонони шаҳри Кўлоб

08.08.2011 16:00, шаҳри Кӯлоб

Дар ниҳояти боздид аз шаҳри Кўлоб Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷмааи варзишии Кўли ҷавонон дар деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Кўлоб ташриф оварда, бо шароити машқу тамрини варзишии ҷавонону наврасон аз наздик шинос шуд.

Зимни боздид, иттилоъ дода шуд, ки ин маҷмааи иборат аз кўли шиноварӣ (150х50м.), кўли қаиқронӣ (300х150м.), майдони васеи варзишӣ ва дигар иншооти ёридиҳанда, бо харҷи 2 миллиону 28 ҳазор мавриди навсозӣ ва тармими умумӣ қарор гирифта, дорои шароити хуби машқу тамрин гардидааст.

Зимни суханронӣ дар назди варзишгарони сершумори ҷавону навраси Кўлобшаҳри бостонӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз рушди батадриҷи варзиши Тоҷикистон, аз ҷумла дар шаҳру минтақаи Кўлоб изҳори хушӣ карда, ҳозирин ва кулли ҷавонону наврасони кишварро ба заҳмати бештару беҳтар барои расидан ба қуллаҳои баланди комёбиҳо дар мусобиқоти минтақавию ҷаҳонӣ ва муаррифии шоистаи Ватани азизи худ дар арсаи байналмилалӣ ҳидоят намуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520