ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 23 ноябри cоли 2013 № 526
ш. Душанбе
Дар бораи Раиси Кумитаи кор бо занон
ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Хидирова М.У.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Хидирова Махфират Умаровна Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ХИДИРОВА МАХФИРАТ УМАРОВНА
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонХИДИРОВА Махфират Умаровна 6 сентябри соли 1973 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1995 Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлобро бо ихтисоси муаллими забон ва адабиёти рус бо дипломи аъло хатм кардааст. Доктори илмҳои фалсафа.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1995 ба сифати ассистенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб оғоз намуда, сипас дар солҳои 2002-2005 дар вазифаҳои муаллими калони кафедраи ҳуқуқи тиҷорат, дотсенти кафедраи фалсафа ва фарҳангшиносии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2005-2010 Узви Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз марти соли 2010 ба ҳайси муовини Раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.
Бо медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон» сарфароз гардида, аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2013 Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.