Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба шаҳри Кўлоб

08.08.2011 15:00, шаҳри Кӯлоб

Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ифтитоҳи як зумра иншооти ҷашнӣ, оқози сохтмони иншооти нави дигар ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон сафар кард.

Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Кўлоб бо зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оғоз ёфт.

Дар шаҳри Кўлоб бо иштироки Президенти кишвар нахуст дар маҳаллаи навбунёди Ваҳдат бинои нави мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 30 бо 240 ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бо омода гаштани ин бино шумораи ҷойҳои нишасти мактаб ба 1050 расид.

Хотиррасон бояд намуд, ки маҳаллаи Ваҳдат бо кўмаки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва соҳибкорӣ дар як муддати кўтоҳ барои қариб 800 оилаи бар асари сели пурдаҳшати моҳи майи соли 2010 бесарпаноҳмонда бунёд гардида буд.

Худи ҳамин рўз дар ин маҳалла боз ду мактаби дигар ба истифода дода шуд, яке барои 970 хонанда дар ду баст ва дуввумӣ барои 2400 кас дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Яке аз онҳо мактаби дуошёнаи рақами 27 аст, ки дар зарфи 30 соли охир бо сабаби валангору садамавӣ буданаш аз истифода боз монда буд. Ин мактаб бо қамхории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кўтоҳ тармиму навсозӣ шуда бо шароити муосири таълимӣ, аз ҷумла синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, синфҳои компютерӣ ва ҳунаромўзӣ таъмин гардид.

Ифтитоҳи мактаби сеюм, ки аз биноҳои зебою замонавии ду ва сеошёнаи нав иборат аст, боиси шодию нишоти бепоён ва сипосгузории мардуми маҳаллаи Ваҳдати шаҳри Кўлоб гардид, зеро ин боргоҳи илму маърифат дорои навтарин шароити таълиму тадрис мебошад.

Дар саҳни ин мактаб Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони мардуми Кўлобшаҳри бостонӣ мулоқот намуда, ба суолу дархостҳои онҳо посух гуфт ва барои рафъи як зумра мушкилу монеаҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки то якуми сентябри соли равон бо дастрас намудани 700 компютер нишондодҳои барномаи компютеркунонии мактабҳо дар шаҳри Кўлоб пурра таъмин карда шавад.

Сипас Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи бунёди Мактаб-интернати президентӣ, ки барои 1280 хонандаи хушлаёқат дар ду баст пешбинӣ шудааст, санги асос ва нома ба наслҳои оянда гузошта, ба сохтмони он оғози расмӣ бахшид.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи ин муассисаи таълимӣ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, он аз бинои сеошёнаи таълимӣ, хобгоҳ барои 400 нафар хонанда, ду бинои 9 – ошёнаи истиқоматӣ бо 60 хона барои омўзгорон дар майдони 6 га дар зарфи ду соли оянда бунёд меёбад.

Мактаб-интернати президентӣ дорои синфхонаю озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази фаннӣ, толори маҷлисӣ бо 400 ҷойи нишаст, толори бузурги варзишӣ дарозию паҳноияш мутаносибан 48 ба 30 метр бо 500 ҷойи нишаст барои тамошобинон, ва ҳамчунин дигар шароити навтарини таълиму тарбияи насли наврас хоҳад буд.

Бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфтани 2 бинои нав дар Коллеҷи омўзгорӣ, ки дорои шароити муосири таълиму тадрис ва таҷрибаомўзии касбӣ мебошанд, боиси хушнудию сипоси аҳли илму маърифати шаҳри Кўлоб гардид.

Тавре иттилоъ дода шуд, биноҳои нави Коллеҷи омўзгорӣ дорои 19 синфхона ва 450 ҷойи нишаст дар ду баст мебошад. Биноҳои мазкур бо харҷи 6 миллион сомонӣ сохта ва бо таҷҳизоти замонавии таълимӣ муҷаҳҳазонида шудаанд.

Дар маркази шаҳри Кўлоб бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як коргоҳи дўзандагӣ ба фаъолият оғоз кард, ки дар он 600 нафар занону духтарони маҳаллӣ дар ду баст бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Тавре Сарвари давлат иброз дошт, кори пурмаҳсули чунин корхонаҳо имкон медиҳад, ки воридоти сарулибоси кормандони низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва либосҳои кории дигар вазорату идора ва корхонаҳо аз хориҷи кишвар кам карда шавад. «Ба ин тартиби кор ҳам асъори хориҷӣ ба берун намеравад, ҳам ҷойҳои корӣ муҳайё мегардад ва ҳам даромади буҷетҳои маҳаллӣ афзун мешавад», таъкид дошт Президенти кишвар.

Чунонки зикр гардид, талабот дар бозори дохили кишвар ба маҳсулоти ин корхона, ки аз матоъҳои хушсифат ва тарҳи дилхоҳи мизоҷон дўхта мешавад, хеле зиёд аст.

Роҳбарияти корхонаи дўзандагӣ, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд ёфтааст, бо ҳидояти Сарвари давлат ўҳдадор шуд, ки то охири соли равон як коргоҳи дўхти пойафзол кушода, дар он 300 нафарро бо кор таъмин намоянд. Онҳо бо пайравӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин қавл доданд, ки соли оянда боз як коргоҳи истеҳсоли макарон бунёд намуда, дар он 150 нафарро ба кор қабул мекунанд.

Дар қисмати болоии оби Тебалай берун аз шаҳри Кўлоб Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба бунёди як обанбори бузург оғоз бахшид.

Тавре таъкид гардид ин обанбор барои оби боронҳои сел пешбинӣ шуда, ба нафъи мардум истифода хоҳад шуд.

Баландии садди обанбор 45 метр ва паҳноияш 750 метр мешавад. Ин обанбор дар майдони 65-70 га доман паҳн намуда, имкон дорад, ки 14 миллион метри мукааб обро дар худ нигоҳ дорад.

Оянда баробари баҳрабардорӣ қарор гирифтан аз ин обанбор шаҳри Кўлоб бо оби нўшокӣ ва ҳам бо оби кишоварзӣ таъмин гардида мардуми шаҳр аз хатари обхезиҳо эмин мемонанд ва ҳам мушкили таъмини оби нўшокию обёри заминҳои кишт бартараф мешавад.

Тавре Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, дар ояндаи наздик шабакаи оби нўшокӣ ва корези шаҳри Кўлоб нав карда мешвад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520