Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба шаҳри Хуҷанд

06.08.2011 19:00, шаҳри Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст як маҷмааи варзиши обӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Чунонки аён гардид, иншооти мазкур аз 3 ҳавзи болопўшида иборат аст.

Дарозию паҳноии ҳавзи калон 50х21 ва аз ду ҳавзи хурд, ки барои кўдакону наврасон пешбинӣ шуудаанд, 25х12 мебошад. Дар қабати дуюми ду паҳлуи толори калони ҳавзи шиноварӣ барои 1000 нафар тамошобинон ҷойҳои нишаст омода гаштаанд. Шароити дар ин ҷо муҳайёгашта барои гузарондани бисёр намуди мусобиқаҳои варзиши шиноварӣ дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқ аст.

Оби ҳавзҳо бо таҷҳизоти махсуси муосир гарм карда шуда, пайваста тоза нигоҳ дошта мешавад. Дар фасли зимистон фарши толорҳо бо таҷҳизоти махсуси гармидиҳӣ гарм мешавад.

Дар ошёнаи якуми маҷмаа ҳаммом бо ду толори алоҳида барои занон ва мардон ҷойгир шудааст.

Маҷмааи мазкур, ҳамчунин дорои толори бозии сақозанӣ ё худ билярд ва утоқҳои масҳи бадан ва дигар амалиёти солимгардонӣ мебошад.

Бегоҳии рўз дар шаҳри Хуҷанд, дар соҳили рости Сирдарё ба истиқболи солгарди 20 – уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пайкараи бошукўҳи асосгузори давлати бузурги тоҷикон Исмоили Сомонӣ ифтитоҳ ёфт.

Дар суханронии табрикии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла зикр гардид, ки пайкараи Исмоили Сомонӣ ва ороишоти атрофи он дар зарфи як соли охир аз ҷониби ширкатҳои меъморию сохтмонии ватанӣ бунёд ёфтааст.

Ин пайкараи зебо офаридаи ҳайкалтарош ва гудозгари бадеӣ Мансур ҳоҷибоев буда, аз металли ранга сохта шудааст. Баландии худи пайкара 13 метр ва бо таҳкурсиаш 27 метр мебошад.

Нишони дасти Исмоили Сомонӣ ва тоҷи сараш бо оби тилло рўпўш гардидааст.

Маълумоти деворнигораҳои ду паҳлўи зинапояҳо ва 4 паҳлўи таҳкурсии пайкара аз ташкилёбӣ ва таърихи давлати Сомониён мухтасар ҳикоят мекунанд.
Дар атрофи пайкараи Исмоили Сомонӣ 5 фаввораи гуногун бо ҳамсадоии мусиқии форам кор мекунад.

Чароғҳои рангоранги рўшноидиҳанда, зинапояҳои зебо ва сабзаю кабудизор аз ҷумлаи ороишоти атрофи пайкара мебошанд.

Дар майдони назди пайкараи навбунёди Исмоили Сомонӣ, ки ба мавзеи зебою дилкаши сайру тамошо табдил ёфтааст, ба истиқболи 20 – умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва ифтитоҳи ин макони ифтихорафзо базму тараби бошукўҳи идона ороста шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520