Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Фармондеҳи
Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Ҷамолзода Бобоҷон



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ҷамолзода Бобоҷон Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.



Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон




ш. Душанбе
20 ноябри соли 2013
№24

 

 

ҶАМОЛЗОДА БОБОҶОН
– Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон


ҶАМОЛЗОДА Бобоҷон 22 майи соли 1976 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 2002 Академияи умумиқӯшунии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россияро хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1997 дар вазифаи Командири взводи таълимии танкии Бригадаи 4-уми мототирандозии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, сипас дар вазифаҳои командири взвод, командири рота, командири баталёни десантӣ-ҳамлаовари кӯҳии Бригадаи 7-и алоҳидаи десантӣ-ҳамлаовари Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 2004 аввал ба сифати сардори Шуъбаи тайёрии ҷангии Раёсати Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сипас командири қисмҳои ҷудогонаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Дорои рутбаи ҳарбии полковник буда, бо медали «Ҷасорат» мукофотонида шудааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 ноябри соли 2013 Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520