Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ ба муносибати ба истифода супоридани бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон

05.08.2011 12:00, шаҳри Хуҷанд

Устодони гиромӣ ва донишҷўёни азиз!
Ҳозирини мўҳтарам!

Имрўзҳо мардуми кишвари озоду маҳбубамон бо рўҳияи болидаи бунёдкориву созандагӣ дар арафаи таҷлили ҷашни 20 - солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қарор доранд ва ба истиқболи ин ҷашни муқаддаси миллӣ ба истифода додани бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон рамзи басо хуҷаставу нек мебошад.

Зеро ин боргоҳи илму маърифат аз марказҳои бонуфузи таълиму тарбияи кадрҳо дар самтҳои ҳуқуқшиносӣ, идоракунӣ, сиёсатшиносӣ, иқтисоди ҷаҳонӣ, соҳибкорӣ, молия ва низоми иттилоотӣ буда, аз ҷумлаи самараҳои неки даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Бояд қайд намоям, ки давлат ва ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълиму тарбия, таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ ва мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагиву фаъолияти кормандони илмиву омўзгорӣ ҳамаи тадбирҳои судмандро амалӣ менамояд.

Чунонки шумо медонед, се сол муқаддам бо мақсади васеъ гардонидани имкониятҳои таълиму тадрис дар донишгоҳ супориш дода будам, ки дар фурсати кўтоҳ тармими бинои сохтмонаш нотамоми он ба поён расонида шавад. Ва имрўз, тавре ҳамаи мову шумо шоҳидем, бинои мазкур бо мусоидати ҳукумати Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва бо азму талошҳои раёсати Донишгоҳ дар муддати кўтоҳ бо сифати баланду тарҳи зебои меъморӣ ба анҷом расонида шудааст.

Мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави таълимии Донишгоҳ аз иқдомҳои созандаест, ки дар доираи Барномаи давлатии сохтмон ва таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008 - 2015 сурат гирифта, ҳоло имконият медиҳад, ки донишҷўён дар синфхонаҳои барҳавою муҷаҳҳаз бо техникаи муосир таҳсил кунанд ва донишу касб омўзанд.

Ба ин хотир, аз ин фурсати муносиб истифода карда, ба ҳамаи сохтмончиёне, ки барои сари вақт ва бо сифати баланд мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои нави таълимӣ саъю кўшиш намудаанд, миннатдорӣ баён менамоям.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ доир ба пайваста боло бурдани сатҳу сифати таълиму тарбия, ба талаботи таҳсилот дар кишварҳои пешрафта ва бозори меҳнати ватаниву хориҷӣ ҷавобгў гардонидани он ба вазорату идораҳои дахлдор ва муассисаҳои таҳсилоти оливу миёнаи касбӣ супоришҳои зарурӣ дода будам.

Дар фосилаи байни ду сафари кории мо ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон маълум гардид, ки масъулони ин муассисаи таълимӣ ба хотири иҷрои супоришҳои додашуда як силсила тадбирҳои судмандро амалӣ кардаанд, ки шоистаи таҳсин аст.

Аз ҷумла, номнавис шудани донишгоҳ ба узвияти донишгоҳҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар самти минтақашиносӣ, дар сатҳи баланди тайёриву ташкилӣ ва ғоявӣ таҳия ва баргузор шудани се ҳамоиши байналмилалӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, таъсиси Шўрои махсусгардонидашудаи ҳимояи рисолаҳои номзадӣ, зиёд гаштани теъдоди олимони ҷавони унвондор, тарбияи муҳаққиқони ҷавон ва иштироки донишҷўён дар озмунҳои байналмилалӣ аз дастовардҳои аҳли устодону шогирдони он дар ду-се соли охир ба ҳисоб мераванд.

Дар ин замина бояд зикр намоям, ки ҳангоми мулоқоти қаблиам бо ҳайати кормандони ин боргоҳи маърифат супориш дода будам, ки бо мақсади тарбияи насли ҷавон дар рўҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ, баланд бардоштани рўҳияи ватандўстӣ ва ифтихор аз давлатдории милливу фарҳанги волои аҷдодӣ китоби дарсии «Андешаи миллии тоҷикон» таҳия карда шавад. Шоёни таҳсин аст, ки чанд рўз қабл китоби мазкур аз ҷониби профессорону устодони донишгоҳ таҳия ва бо сифати баланд нашр гардид.

Таҳияву ба нашр расидани чунин асарҳо имконият фароҳам меорад, ки «Андешаи миллӣ» ҳамчун фанни махсус ба низоми таълимии кишвар ворид гардида, ба донишҷўёни мактабҳои олӣ таълим дода шавад. Зеро худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар натиҷаи омўзиши амиқи таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати худ ва муқоисаи он бо тамаддунҳои дигар ба вуҷуд меояд. Аз ин рў, эътимоди комил дорам, ки дар заминаи ин китоб боз силсилакитобҳои дигар таҳия ва нашр хоҳанд шуд.

Кормандони Донишгоҳ дар роҳи пешбурди таълиму тарбия низ ба комёбиҳо созовор шудаанд. Агар дар соли аввали таъсисёбӣ Донишгоҳ дорои ду факултет ва 300 нафар донишҷўй бошад, ҳоло теъдоди факултаҳо ба 6 адад ва шумораи донишҷўён наздик ба 6000 нафар расидааст. Танҳо дар се соли охир таълиму тадриси чор ихтисоси наву замонавӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар робита ба ин, мехоҳам таъкид намоям, ки мо бояд дар раванди тайёр кардани кадрҳо ба масъалаи баланд бардоштани сифати таълим эътибори аввалиндараҷа диҳем. (Яъне аввал сифат баъд шумора).

Бо мақсади татбиқи амалии сиёсати ҳукумати Тоҷикистон дар самти ислоҳоти низоми таҳсилоти олии касбӣ дар Донишгоҳ як қатор чораҳои амалӣ андешида шудаанд, ки яке аз онҳо давра ба давра дар давоми се сол пурра бо низоми кредитии таҳсил фаро гирифтани толибилмон мебошад. ҷорӣ гардидани чунин низом имконият фароҳам овард, ки дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва мустаҳкам гардидани интизоми донишҷўён пешравиҳои назаррас ба даст оварда шаванд.

Ташкили хоҷагии ёрирасони Донишгоҳ дар майдони 4 гектар дар мавзеи хушбоду ҳавои соҳили Баҳри Тоҷик ҳамчун минтақаи таҷрибаомўзиву истеҳсолӣ, парвариши чорво, занбўри асал, ба роҳ мондани кишти зироатҳои кишоварзӣ ва бунёди боғҳо имконияти боргоҳи маърифатро ҷиҳати таъмини кормандон бо маҳсулоти озуқаи худӣ хеле афзун мегардонад, ки албатта таҷрибаи ибратомўз аст.

ҳозирини гиромӣ!

Мехоҳам бори дигар махсус таъкид намоям, ки барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии кишварамон бояд ба таълим ва тарбияи мутахассисони сатҳи байналмилалӣ ва ҷавобгў ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ таваҷҷўҳи махсус диҳем. Зеро дар шароити ҷаҳонишавӣ танҳо мутахассиси баландпоя аз ўҳдаи мустаҳкам намудани пояҳои давлат ва рушди минбаъдаи он баромада метавонад.

Дар ин кори пурмасъулият олимон ва кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати ба шоҳроҳи низоми инноватсионии ҷаҳонӣ ворид гардидани кишвар, фароҳам овардани заминаи зарурӣ барои рушди тафаккури техникӣ ва иқтисодии ҷомеа тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Мақсади ворид шудани мо ба ҷараёни илму техникаи ҷаҳонӣ ин шинос намудани насли наврас бо дастовардҳои навтарини илм, технологияи пешқадами иттилоотӣ ва дар ин замина омода сохтани мутахассисони баландпоя мебошад.

Итминон дорам, ки раёсат ва ҳайати профессорону устодони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар самти тақвияти корҳои илмӣ, таълимӣ ва тарбияи кадрҳои сазовор дучанд саъю талош намуда, дар мустаҳкам гардидани пояҳои давлати соҳибистиқлоламон саҳми худро мегузоранд.

Дар баробари ин, таъкид мунамоям, ки ба истифода додани бинои нави таълимӣ ҳанўз фарҷоми иқдомҳои созандаи мо нест. ҳоло дар пеш корҳои зиёди созандагӣ дорем, зеро тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва ба меъёрҳои муосир ҷавобгў тақозо мекунад, ки шароити боз ҳам беҳтари таҳсилро барои насли наврасамон муҳайё намоем.

Вобаста ба ин Вазорати маориф, Агентии давлатии сохтмон ва меъморӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва раёсати Донишгоҳ вазифадор карда мешаванд, ки дар давоми се соли минбаъда барои ба истифода додани биноҳои сохтмонашон нотамоми воқеъ дар шафати Донишгоҳ – маҷлисгоҳ барои 500 ҷойи нишаст, ошхона барои 300 ҷойи нишаст, толори варзишии муҷаҳҳаз ва биноҳои иловагии таълимӣ корҳои сохтмониро идома диҳанд.

Бо дарназардошти ин, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии супориш дода мешавад, ки бо мақсади бунёди хонаи баландошёна барои кормандони Донишгоҳ қитъаи замин ҷудо намояд. Раёсати Донишгоҳ вазифадор карда мешавад, ки сохтмони бинои мазкурро бо роҳи ташкили кооперативи бинокории ихтиёрӣ то истиқболи ҷашни 25 - солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таъмин намояд.

ҳамватанони азиз!

Ҷашни бистумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз бо дастовардҳои арзандаи ҷомеаҳои меҳнатӣ, аз ҷумла ифтитоҳу ба кор даровардани садҳо иншооти истеҳсолӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ истиқбол гирифта мешавад. Бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон низ аз ҷумлаи армуғони арзанда ба ин ҷашни саид маҳсуб мегардад.

Аз ин лиҳоз, изҳори умед мекунем, ки бинои мазкур, ки барои саодати маънавии насли толеъбаланди даврони истиқлолият бунёд ёфтааст, бигзор солҳои сол барои маърифатнок гардонидани наслҳои имрўзу фардои Ватани маҳбубамон хизмати арзанда намояд.

Ҳамаи шумо – олимону устодони гиромӣ ва донишҷўёни азизро бо ҷашни мубораку муқаддаси миллиамон - бистсолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбуб ва ба муносибати мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нави таълимӣ табрик гуфта, бароятон саломатӣ, рўзгори ором ва дар фаъолияти илмиву омўзгориатон барору комёбиҳо орзумандам.

Ҳамеша шоду сарбаланд бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520