Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси навбатии Ҳукумати кишвар баргузор шуд

31.10.2013 11:09, шаҳри Душанбе

Субҳи имрӯз таҳти раёсати Президенти кишвар, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Дар оғози маҷлис Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2014, Нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кӯчондани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2014-2016 тасдиқ карда шуд.

Вобаста ба корҳои оморӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки “ҳисоботҳо, хусусан доир ба ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, новобаста ба шакли моликияти истеҳсолкунундагон, бояд дақиқ бошанд, то ки нақшаю барномаҳои давлатӣ низ дар асоси онҳо дақиқу самарабахш таҳия, қабул ва амалаӣ карда шаванд”. 

Лоиҳаҳои як зумра қонунҳо доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба чанд қонуни амалкунандаи кишвар маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба қонунҳо “Дар бораи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ”, “Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолоти хатарнок” ва ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Ҳамчунин хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаҳои қонунҳо “Дар бораи иҷора” ва “Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият” маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Консепсияи сиёсати ҳуқуқи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қоидаҳои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ тасдиқ карда шуд.

Ба мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Панҷ барои тақсим ба аҳолии ба манзили зист ниёздошта қитъаҳои замин ҷудо карда шуд. Ба шаҳри Ваҳдат 6,41 га замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ ба футболбозони дастаи Хайр ва ба ноҳияи Панҷ 62,72 га замин барои аҳолии ниёзманд ҷудо карда шуд. 

Дар охир ба масъулин дастур дода шуд, ки барои иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни сафарҳои корӣ дар шаҳру ноҳяиҳои кишвар дода шудаанд, нақшаи чорабиниҳо таҳия ва қабул намоянд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520