Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи як зумра корхонаҳои нави истеҳсолӣ дар шаҳри Кӯлоб

28.10.2013 23:01, шаҳри Кӯлоб

Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон се корхонаи истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба маҳаллаи корвонгузари шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, бинои дуошёнаи корхонаи дӯзандагиро мариди истифода қарор дод.

Тавре иттилоъ доданд, ин корхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Бобохон Қурбонов бунёд ёфта, дар он беш аз 50 нафар занону духтарон ба кори доимӣ ҷалб шудаанд.

Чунонки аён гардид, дар корхона ошхона ва дигар шароити муосири маишӣ низ сохта муҳайё гардидааст.

 Ҳамчунин зикр гардид, ки соҳибкор Бобохон Қурбонов ҳамроҳи бародаронаш пеш аз ин ҳам чанд иншоот бунёд намудааст ва оянда низ дар ободонии шаҳри Кӯлоби бостонӣ азми устувори иштирок кардан дорад.

Дар маркази шаҳри Кӯлоб бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як корхонаи муосири орд ба кор дароварда шуд, ки бо харҷи беш аз 6 миллион сомонӣ бо ҷалби технологияи навтарин аз Ҷумҳурии Туркия бунёд ёфтааст.

Дар ин корхона ҳар шабонарӯз 90 тонна орди хушсифати бозоргир истеҳсол мешавад. Ҳоло дар ин ҷо наздики 100 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд ва оянда шумораи ҷойҳои корӣ боз ҳам афзун мешавад, зеро дар ин ҷо коргоҳи истеҳсоли хӯроки омехтаи чорво ва дигар коргоҳҳо низ бунёд хоҳанд ёфт.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Далери шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, як корхонаи коркард ва бастубанди меваи хушкро расман ба кор даровард.

Тавре зикр гардид, ин корхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҳотам Саидов дар ҳамкорӣ бо шариконаш аз ширкати Исфара Фуди шаҳри Исфараи вилояти Суғд бунёд ёфта, алҳол нахустин чунин корхона дар шаҳри Кӯлоб мебошад.

Бо иқтидори кунунияш дар ин корхона имкони коркарди 3 ҳазор тонна меваи хушк дар як сол мавҷуд аст. Бо технологияи муосире, ки дар ин ҷо насб гардидааст, меваи хушк тоза, шуста ва хушк карда шуда, дар бастаҳои зебои бозоргир бастубанд мешавад.

Ҳоло дар ин ҷо 35 нафар бо кор таъмин гардидаанд ва оянда бо зиёд шудани иқтидори корхона шумораи коргарон ба наздики 100 нафар расонда хоҳад шуд.

Як қисми коргарони ин корхона занони маъюб мебошанд, ки бо нияти дастгирӣ аз сиёсати башардӯстонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ғамхории доимии ӯ ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ба кор ҷалб шудаанд.

Бегоҳии рӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб ҳамчунин оромгоҳи олиму мутафаккири бузурги Шарқ Мир сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуда, бо ҳайати ҳамроҳи худ ба руҳи поки ин бузургмард ва ба хотири таъмини ободию шукуфоии бештари Тоҷикистони азиз  дуою фотиҳа карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520