Дар маркази ноҳияи Восеъ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маркази тиҷорат ва хизматрасонии Султони Кабирро ифтитоҳ намуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Тавре зикр гардид, бинои сеошёнаи маркази тиҷорату хизматрасонӣ, ки дар он беш аз 4,5 ҳазор нафар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Аваз Кабиров дар майдони 4 га бунёд ёфтааст.
Ин марказ аз 2 толори бузурги варзишӣ барои хизматрасонӣ ба 1000 нафар варзишгарони бахшҳои гуногун дар як рӯз, чанд толори калони дӯзандагӣ бо зиёда аз 1000 ҷойи корӣ дар 2 баст, толори дилхушии кӯдакон барои 500 нафар дар як вақт, толору дӯконҳо ва қаторҳою майдончаҳои тиҷоратӣ ва ҳамчунин таваққуфгоҳ барои мошинҳо иборат аст.
Зимни шиносоӣ бо кори коргоҳи дӯзандагӣ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар ин ҷо 350 нафар занону духтарон бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Оянда шумораи онҳо бояд ба 1000 нафар расонда мешавад. Ҳоло 25 нафар барои омӯзиши ҳунари дӯзандагӣ ба шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд фиристода шудаанд, ки 350 сомонӣ стипендия мегиранд. Маоши дӯзандаҳо 600-700 сомонӣ ва аз коромӯзон 400 сомонӣ аст.
Дар толорҳои бузургу барҳавои варзишӣ, ки басо зебо сохта ва бо ашёву олоти зарурӣ муҷаҳҳаз шудааст, 20 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидааст.
Толорҳои варзишӣ барои намудҳои гуногун пешбинӣ шудаанд. Тавре аён гардид, майдони махсус ё худ ринг барои муштзанӣ, карате ва дигар намудҳои муҳорибавии варзиш, ки дар ин ҷо мавҷуд аст, ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй мебошад. Дар ин толорҳо дар як рӯз беш аз 1000 нафар варзишгарон дар як рӯз машқу тамрин мекунанд.
Маркази дилхушии кӯдакон, ки бо дастгоҳҳои навтарини техникӣ муҷаҳҳаз гардидааст, дарозию паҳноияш 140 ба 18 метр ё худ масоҳаташ 2520 метри мураббаъ аст ва барои 500 нафар кӯдакон дар як вақт пешбинӣ шудааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, сохтмону таҷҳизонидани маркази тиҷорату хизматрасонии Султони Кабир ҳанӯз идома дорад ва то моҳи июли соли 2014 шумораи коргаронаш ба 4,5 ҳазор нафар мерасад. То имрӯз дар ин ҷо беш аз 1000 нафар соҳиби кори доимӣ шудаанд. Дар сохтмони ин иншоот то ҳол 18 миллион сомонӣ харҷ шудааст ва то охир наздики 30 миллион сомонӣ масраф мегардад.
Соҳибкори соҳибнуфузи маҳаллӣ Аваз Кабиров, ки ин иншооти муҳташамро бунёд намудааст, бо маслиҳати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон уҳдадор шуд, ки боз якчанд иншооти дигар бунёд намояд. Аз ҷумла таъкид дошт, ки ояндаи наздик як меҳмонхонаи замонавӣ дар маркази ноҳия ва як варзишгоҳ бо 5 ҳазор ҷойи нишаст барои тамошобинон дар ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ бунёд менамояд.
Дар майдони васеи ошёнаи якуми маркази Султони Кабир Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони сершумори мардуми ноҳияи Восеъ мулоқоти судбахш анҷом дод.
Зимни суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ноҳия дар солҳои охир мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳои асосӣ барои оянда муайяну мушаххас карда шуд.
Мужда расонда шуд, ки соли оянда дар маркази ноҳияи Восеъ бо маблағгузорӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ сохтмони як варзишгоҳи бошукӯҳ оғоз хоҳад ёфт.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ташаббускори ноҳия, аз ҷумла Маҳмуд Ҳусейнов, Авазхон Кабиров ва дигарон барои дастгирии арзанда аз сиёсати бунёдкоронаю созандагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос карда, изҳори боварӣ намуд, ки соҳибкорони дигари соҳибнуфуз низ минбаъд дар ободонии сарзамини бобоӣ ва муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ саҳми ватандӯстонаи худро мегузоранд.
Дар охир миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми ноҳия маҳфили пурсишу посух баргузор гардид. Зимни ин маҳфил низ барои ободонии бештари ноҳияи Восеъ ва бартараф намудани мушкилоти мавҷудаи мардум дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.