Дар маркази шаҳри Исфара бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии ин шаҳри бостонӣ ифтитоҳ ёфт. Тавре аён гардид, ин варзишгоҳи дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст бо зебоии худ дар кулли Тоҷикистон назир надорад.
Ба иттилои масъулин, ин иншооти муҳташами варзишӣ бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо харҷи беш аз 21 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ барои тарғиби васеи тарзи ҳаёти солим дар миёни наврасону ҷавонон, ҷалби ҳарчи бештари онҳо ба тарбияи ҷисмонию варзиш ва фатҳи қуллаҳои баланд дар олами варзишии минтақа ва ҷаҳон бунёд ёфтааст.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз минбари ин варзишгоҳи боҳашамат суханронӣ намуда, мардуми шаҳри Исфараро бо ифтитоҳи ин иншооти бузурги варзишӣ, ду варзишгоҳи дигар дар ҷамоатҳои Чоркӯҳу Сурх ва бо ободонии бесобиқаи ин диёри дурдасти Тоҷикистони азиз табрику таҳният гуфт ва онҳоро ба пайравӣ ба корҳои бунёдкорию созандагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят кард.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки “имрӯз дар таърихи шаҳри Исфара бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд”.