Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи варзишгоҳи дорои 5 ҳазор ҷойи нишаст ва ду толори варзишӣ дар маркази ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ

12.10.2013 12:08, шаҳри Исфара

Дар маркази ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як варзишгоҳи дорои 5 ҳазор ҷойи нишаст бо ду толори варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре зикр гардид, ин варзишгоҳ бо харҷи беш аз 2 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Лайсиддин Юсуфов дар давоми 9 моҳ сохта ва муҷаҳҳаз карда шудааст. Ин соҳибкор моҳи декабри соли 2010 зимни мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони ҷумҳурӣ барои сохтмони ин варзишгоҳ замин дархост карда буд. Дархосташ он рӯз қабул шуд. Дар натиҷа чунин варзишгоҳи бошукӯҳ дар ин гӯшаи дурдасти кишвар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, боиси шодию нишоти дӯстдорони варзиш ва тарзи ҳаёти солим дар ин минтақа гардид.

Толорҳои варзишгоҳ яке барои намудҳои гуногуни гӯштин, каратею таэквондо, дигар навъҳои задухурдҳои шарқӣ ва толори дуюм барои обутоби бадан бо олоту дастгоҳҳои махсус муҷаҳҳаз гардидааст.

Дар майдони калони варзишгоҳ барои чорабиниҳои бузурги варзишию фарҳангӣ пешбинӣ гардидааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар назди мардуми ин ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, ки дар ин варзишгоҳ гирд омада буданд,  суханронӣ намуда, пеш аз ҳама ба соҳибкори ин иншоотро бунёднамуда арзи сипос кард. Тавре зикр гардид, пас аз мулоқоти Сарвари давлат бо варзишгарони кишвар, ки моҳи декабри соли 2010 баргузор гардида буд, то имрӯз дар қаламрваи ҷумҳурӣ беш аз 2,5 ҳазор иншооти варзишӣ бунёд ёфтааст. 316 тои ин иншооти варзишӣ дар вилояти Суғд сохта, ба истифода дода шудааст.

Дар майдони калони варзишгоҳ аҳли фарҳанги ҷамоат барномаи бошукӯҳ фарҳангӣ намоиш доданд, ки бо завқу салиқа ва самимияти басо баланд омода гаштааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520