Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози боздид аз ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ ва Сурхи шаҳри Исфара

12.10.2013 08:22, шаҳри Исфара

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд сафар кард. Дар оғози сафар Сарвари давлат ба ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ ва Сурхи шаҳри Исфара ташриф оварда, як зумра иншооти нави иҷтимоию фарҳангӣ ва иқтисодиро ифтитоҳ менамояд.

Зимни боздид аз ин ҷамоатҳо, аз ҷумла як мактаб барои 720 хонанда дар 2 баст, 2 варзишгоҳ бо толорҳои варзишӣ, як корхонаи коркарди мева ва 2 коргоҳи дӯзандагӣ мавриди истифода қарор мегирад. Сарвари давлат Эмомалї Рањмон аз чанд хоҷагии деҳқонӣ ҳам дидан карда, бо кори кишоварзони ноҳия бевосита шинос мешавад.

 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иншооти зиёди дигарро дар маркази шаҳри Исфара, аз ҷумла варзишгоҳи  марказии онро, ки дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст аст, як корхонаи коркарди меваи хушк, 2 маркази хизматрасонӣ, коргоҳҳои дӯхти либос ва пойафзол  ва филиали Тоҷиксодиротбонкро ифтитоҳ намуда, бо мардуми касбу кори гуногун мулоқоту суҳбатҳо анҷом медиҳад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520