Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

29.07.2011 11:00, шаҳри Душанбе

Имрўз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлиси Ҳукумат, нахуст ҳисоботи Вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов оид ба татбиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 3 марти соли 2006 амал мекунад, шунида шуд. Таҳия ва нашри китобҳои Маърифати шаҳрвандӣ, Фарҳанги муошират, Фарҳанги меҳмоннавозӣ, Кадбону, Маданияти оиладорӣ, як қатор дастурҳои методӣ-таълимӣ, маҷмўаҳои ашъор ва асарҳои дигар бо тарғиби ватану ватандорӣ аз ҷумлаи тадбирҳои арзишманди дар доираи иҷрои ин санад анҷомёфта маънидод шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати маориф дастур дод, ки то моҳи январи соли 2012 Барномаи давлатии тарбияи насли наврасро таҳия ва пешниҳод намоянд. Вазорату идораҳои дигари масъул низ вазифадор шуданд, ки дар тарбияи дурусти насли наврас саҳми арзандаи худро гузоранд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин доир ба бартарафсозии норасоии омўзгорон дар мактабҳо, бунёди муассисаҳои томактабӣ дар маҳалҳои аҳолинишини ҳамаи минтақаҳо, зиёд намудани мактабу боғчаҳои кўдаконаи хусусӣ, бо далелҳои қотеъ фаҳмондани зарари телефонҳои мобилӣ, хусусан ба саломатии кўдакону наврасон, супоришҳои мушаххас дод.

Оид ба татбиқи Консепсияи сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 31 декабри соли 2008 амал мекунад, Вазири кишоварзӣ қосим қосимов ҳисобот дод.

Дар ҳисобот зикр гардид, ки барои татбиқи босамари консепсияи мазкур як қатор барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла доир ба рушди парандапарварӣ, занбўриасалпарварӣ, зотпарварӣ, беҳгардонии ҳолати чарогоҳҳо, моҳипарварӣ, пахтакорӣ, тухмипарварӣ, боғутокпарварӣ ва ғайра қабул шуда, татбиқ мегарданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои беҳдошти соҳа ва таъмини рушду тараққиёти бемайлони он дар назди масъулин доир ба таъсис додани хоҷагиҳои алтернативии хусусии тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ ва зотпарварӣ, таъмини хоҷагиҳо бо техника, барқарорсозии чоҳҳои обкашӣ, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳамчунин тарғиби васеи парвариш, коркард ва истеъмоли ҷуворимакка дастуру ҳидоятҳо дод.

Ба вазорати кишоварзӣ ва дигар вазорату идораҳои марбута ва ҳамчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо супориш дода шуд, ки барои ҷалби бештари сармояи дохилию хориҷӣ ба ин соҳа ва бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои судбахш андешида, амалӣ намоянд.

Бо қарори ҳукумати кишвар Шўрои амнияти озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки таҳти раёсати Сарвазири мамлакат ва бо узвияти роҳбарони вазорату идораҳои марбута фаъолият хоҳад кард.

Лоиҳаи ду қонун – «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ» ва ҳамчунин лоиҳаи як қатор қонунҳо доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Тағйиру иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи милитсия» пешниҳод гардид.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтмони манзили истиқоматӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хорўғ ва ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон барои беш аз 2 ҳазор оилаи ниёзманд қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуд.

Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аҳли толорро ба омодагӣ ба моҳи шарифи Рамазон, иди саиди Фитр ва таҷлили 20- умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҷалб намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарватманду саховатпешаро ба дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, мискинон ва дигар аҳолии ниёзманд ҳидоят карда, таъкид дошт, ки фитри рўза ва хайру садақоти моҳи шарифи Рамазон ҳам бояд ба ҳамин гуна одамон дода шавад. Масъулини дахлдор вазифадор шуданд, ки дар айёми иду ҷашнҳои мазкур бозори истеъмолии кишварро бо маҳсулоти хушсифату арзон таъмин намоянд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бег Зуҳуров дастур дод, ки ба муносибати 20- умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон то ҷашни Наврўзи соли 2012 дар 1 миллион хонаҳои аҳолии кишвар, пеш аз ҳама хонаҳои оилаҳои камбизоат телефонҳои хонагӣ гузаронда, маблағи хизматрасонии як моҳи аввали онро ройгон пешкаш намоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520