Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон

09.10.2013 17:05, ноҳияи Ишкошим

Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кҳистони Бадахшон ташриф овард. Меҳмони олимақомро дар ин ноҳияи баландкӯҳи кишвар бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Рустамбек Юсуфбекови ноҳияи Ишкошим бо фаъолияти ибратбахши хоҷагии ёрирасони қисми низомии марзбонии 2703 бевосита шинос шуд.

Тавре аён гардид, марзбонони дар ин ноҳия қарордошта дар майдони 6 га картошкаи навъи кардинал кишт намуда, умед доранд, аз ҳар гектараш 250 сентнерӣ ҳосил ба даст оваранд. Ба андешаи роҳбарияти қисми низомӣ ин миқдор ҳосил имкон медиҳад, ки онҳо натанҳо талаботи худ, балки тамоми марзбонони дар ноҳияи Мурғоб қарордошта ва ҳам шифохонаи низомии шаҳри Хоруғро бо картошка таъмин намоянд.

Дар паҳлӯи ин хоҷагӣ  Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз замини картошкаи навъи Бадахшон 1, ки аз ҷониби хоҷагии деҳқонии Муборакқадамов кишт шудааст, дидан кард.

Тавре зикр гардид, ин хоҷагӣ дорои 125 га замини корам буда, дар 25 га картошка кишт намудаанд. Картошкаи навъи Бадахшон 1 бошад дар ҳамкорӣ бо Пажӯҳишгоҳи биологияи шаҳри Хоруғ  дар майдони 0,6 га ба таври таҷрибавӣ кишт намудаанд. Ба ҳисоби гектар аз ин навъи картошка онҳо умед доранд, ки 260-300 сентнерӣ ба даст оваранд. 60%-и ин ҳосил картошкаи тухмӣ хоҳад буд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки бо истифода аз захираҳои фаровони замин дар ин ноҳия майдони кишти картошка афзун карда шавад.

Деҳқонони картошкапарвари ноҳия арз карданд, ки шумораи трактор ва мошинолоти кишоварзӣ дар ноҳия барои вусъат додани ин ва дигар корҳои соҳа басандагӣ намекунад. Тавре зикр гардид, ноҳия қариб 3 ҳазор га замини корам ва ҳамагӣ 6 трактор дорад. Ҳамаи ин тракторҳо бо мошинолоти заруриаш соли 2008 аз ҷониби Президенти кишвар ба кишоварзони ноҳия ҳадя шуда буд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини ҷумҳуриявӣ дастур дод, ки то оғози мавсими киштукори соли 2014 ба ин ноҳия боз 8 трактор бо тамоми мошинолоташ дастрас карда шавад.

Дар боғи хушманзари деҳаи Дашти ин мавзеъ  Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони аҳли ҷамоаи ноҳияи Ишкошим мулоқоти судманд анҷом дод.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла шодоб гардидани 280 га замини навро дар ноҳияи Ишкошим натиҷаи хуби иҷрои супоришҳо доир ба аз худ кардани заминҳои бекорхобида номида, таъкид дошт, ки имконоти аз худ кардани заминҳо дар ин ноҳия ҳоло ҳам хеле зиёд аст. Чунонки зикр гардид, дар ноҳияҳои Ванҷу Ишкошим имкони аз худ кардани беш аз 4 ҳазор га замини нав мавҷуд аст. 

Супоришҳои мушаххаси дигар доир ба истифодаи босамар аз имконоти минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим ва дигар заминаҳо барои рушди иҷтимоию иқтисодии ояндаи ин ноҳия дода шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини ноҳиявию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ доир ба рушди заминаи сайёҳӣ дар ноҳияи Ишкошим супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки Ишкошим бо қарор доштанаш дар яке аз шохаҳои Шоҳроҳи Бузурги Абрешим ва бо ёдгориҳои бешумори бостонии таърихию фарҳангӣ, обҳою гиёҳҳои шифобахш ва дигар захираҳои ғании табиияш дорои имконоти хеле фарох барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳону истироҳаткунандагон аз дохил ва хориҷи кишвар мебошад.

Масъулини соҳаи нақлиёту роҳсозӣ вазифадор гардиданд, ки дар муҳлати кӯтоҳ тамоми роҳҳои маркази ноҳияи Ишкошимро пурра навсозӣ намуда, доир ба тармими  дигар роҳҳои маҳаллӣ низ тадбирҳо андешанд.

Дастуру ҳидоятҳои дигар, ҳамчунин зимни посух ба суолу дархостҳои мардуми Ишкошим дода шуд, ки иҷрои босамари онҳо боиси пешрафту шукуфоии бештари ин минтақа дар оянда хоҳад шуд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки ояндаи наздик барои таъмини деҳаи Дашти ноҳияи Ишкошим бо оби тозаи ошомиданӣ тадбирҳо андешида мешаванд. 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520