Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози боздид аз маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон

09.10.2013 11:46, ноҳияи Шуғнон

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як зумра иншооти нави бо маблағҳои ҷумҳуриявӣ сохташударо ифтитоҳ намуда, ба сохтмони чанд бинои дигар оғоз бахшид.

Нахуст дар деҳаи Паршневи ноҳияи Шуғнон бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дидбонгоҳи нави марзбонӣ, ки бо маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ сохта ва муҷаҳҳаз гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Чунонки иттилоъ доданд, дар зарфи 4 моҳи охир дар атрофи шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон бо маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ 4 то чунин дидбонгоҳи марзбонӣ бо беҳтарин шароити хизматӣ сохта ба истифода супурда шуд. З дидбонгоҳи дигари марзбонӣ дирӯз аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Қӯшунҳои марзбонии кишвар ифтитоҳ ёфтаанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки соли оянда аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ боз 4 дидбонгоҳи дигар, аз ҷумла се тоаш дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёд карда шавад.

Зимни боздид аз дидбонгоҳи марзбонии Тишор Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шароити хизматӣ ва маишии дар он бунёдёфта баҳои баланд дод.

Калиди рамзии бинои нави ин дидбонгоҳ ба сардори дидбонгоҳ Аскаралӣ Саидов аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон супурда шуд.

Аз ҷониби роҳбарияти Қӯшунҳои марзбонӣ ва ҳайати шахсии ин дидбонгоҳ ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муҷассамаи манораи дидбонии марзбонӣ ҳадя карда шуд. Сарвари давлат дастур дод, ки ин туҳфаи зебо ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон дастрас карда шавад.

Президенти кишвар, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои нави дидбонгоҳро ба марзбонони шуҷои Ватан табрик гуфта, онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ҳидоят намуд.    

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520