Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумак ба ятимони бепадару модари ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз

08.10.2013 18:24, ноҳияи Дарвоз

Дар маркази ноҳияи Дарвоз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба 21 нафар наврасону ҷавонони ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз, ки аз падар ва ҳам аз модар ятим мондаанд, кумаки моддӣ расонд.

Ба ҳар яки онҳо дафтарчаҳои амонатӣ аз Бонки давлатии амонатгузории Амонатбонк бо зиёда за якуним ҳазор сомонӣ пасандоз, маҷмӯи пурраи сару либоси зимистона ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Ин наврасону ҷавонон, ки воқеан ба кумаку дастгирии мардуми саховатпеша ниёз доранд, аз ин таваҷҷуҳи хоси Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо ва ғамхории доимии ӯ ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ хушҳол гардида, ба ӯ арзи сипос карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520