Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои чорошёнаи истиқоматӣ дар маркази ноҳияи Дарвоз

08.10.2013 16:46, ноҳияи Дарвоз

Дар маркази ноҳияи Дарвоз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як бинои зебои чорошёна мавриди истифода қарор гирифт.

Тавре аён гардид, дар ошёнаи якуми бино маркази савдо ва хизматрасонӣ ҷойгир шудааст, ки дар он 8 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Се ошёнаи дигари бино дорои 28 хонаи истиқоматии аз як то сеҳуҷрагӣ  мебошанд, ки барои фурӯш бунёд ёфтаанд. Тавре иттилоъ доданд, нархи як метри мураббаъи ин хонаҳо 550 доллари амрикоӣ аст. 8 хона ба 8 оилае, ки ин бино дар ҷойи хонаҳои онҳо бунёд ёфтааст, дода шуд. Калиди хонаҳо ба онҳо аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид. Аҳли ин хонаводаҳо аз хонаҳои нави худ басо хушҳоланд, зеро ба гуфти худи онҳо, ин хонаҳо аз манзилҳои пешинаи аз сангу лой бунёдёфтаашон хеле беҳ аст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520