Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо фаъолони ноҳияи Ванҷ

08.10.2013 10:52, ноҳияи Ванҷ

Дар боғи марказии фарҳангию фароғатии ноҳияи Ванҷ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони сершумори аҳолии ин ноҳия мулоқот намуд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои ноҳияро дар солҳои гузашта, хусусан дар 9 моҳи соли равон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои рушди ояндаи он дар назди роҳбарияти ноҳия ва масъулини вилоятию ҷумҳуриявӣ вазифаҳои мушаххас гузошт. Аз ҷумла таъкид гардид, ки барои истихроҷу коркарди маъданҳои кӯҳӣ, пеш аз ҳама санги мармар ва ҳам коркарди саноатии меваҷоти шаҳдбори Ванҷи ганҷрез тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шаванд.

Супоришҳои мушаххаси дигар, ҳамчунин зимни маҳфили пурсишу посух, аз ҷумла барои иҷрои талабу дархостҳои мардум дода шуд. Тибқи яке аз дастурҳои Сарвари давлат аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Калон Дамдоров ду коргоҳи дӯзандагӣ бо 500 ҷойи корӣ, асосан барои дӯхти либоси мактабӣ, то Наврӯзи 2014 бунёд карда мешавад. Дастур дода шуд, ки барои соҳибкорзани маҳаллӣ Ҷамила Усмонова, ки то имрӯз корҳои намоён анҷом додааст, бо ҷудо намудани маблағҳои ҷумҳуриявии грантӣ як коргоҳи бофандагию дӯзандагӣ бо 20 ҷойи корӣ барои духтарон аз оилаҳои ниёзманд сохта, туҳфа карда шавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520