Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафар ба ВМКБ бо ифтитоҳи нерӯгоҳи хурди барқӣ дар ноҳияи Ванҷ

08.10.2013 09:24, ноҳияи Ванҷ

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум ва такон бахшидан ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ин минтақаи дурдасти кӯҳсор ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар кард.

Боздиди корӣ аз ноҳияи Ванҷ оғоз ёфт. Дар ин ҷо нахуст як нерӯгоҳи хурди обии дорои иқтидори 900 киловатт/соат, ки бо харҷи 7 миллиону 126 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд ёфтааст, ба кор дароварда шуд.

Тавре зикр гардид, бо фаъол шудани ин нерӯгоҳ мушкили норасоии нерӯи барқ дар маркази ноҳияи Ванҷ дар фасли зимистон пурра бартараф мегардад. Иттилоъ дода шуд, ки пас аз як моҳи дигар боз як нерӯгоҳи дигар бо иқтидори 300 киловатт/соат ба кор дароварда мешавад.

То ин вақт дар ноҳияи Ванҷ ҳамагӣ 1000 киловатт/соат нерӯи барқ истеҳсол мешуд. Бо фаъол гардидани ин ду нерӯгоҳи нав ин иқтидор ба 2200 киловатт/соат  расида, тавлиди нерӯи барқ дар ноҳия беш аз ду баробар афзун мегардад. Аз ин пас норасоии нерӯи барқ дар фасли зимистон танҳо дар чанд деҳаи дурдасти Ванҷи боло қисман боқӣ мемонад, ки ин ҳам ояндаи наздик бартараф мегардад.

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520