Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ

26.07.2011 15:00, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Имрўз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ ташриф оварда, нахуст бо кори кишоварзони хоҷагии деҳқонии Шафқати ҷамоати деҳоти Яккатут аз наздик шинос шуд.

Тавре зикр гардид, хоҷагӣ дорои 11 га замин буда, дар 9 га пахта кишт намудааст. Зимни сўҳбат бо аъзои хоҷагӣ маълум шуд, ки ҳар яки онҳо ғайр аз маош 12 садяк замини ин хоҷагиро барои эҳтиёҷоти оилавии худ истифода бурда, рўзгорашонро таъмин менамоянд.

Аҳли хоҷагӣ бовар доранд, ки аз ҳар гектар замини пахта ба ҳисоби миёна беш аз 40 сентнерӣ ҳосил ба даст меоранд. Аз ҷониби роҳбарияти ноҳия иттилоъ дода шуд, ки аз заминҳои пахтаи ноҳия ба ҳисоби миёна 30 сентнерӣ ҳосил рўёнда мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин ва дигар хоҷагиҳои ноҳияи Абдураҳмони ҷомӣ кишти такрорӣ ва истифодаи босамари заминҳои корам хуб ба роҳ монда шудааст.

Дар деҳаи Чкалови ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як мактаби боҳашамати сеошёна мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ин мактаб, ки бо харҷи 11 миллиону 221 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ва қарзи имтиёзии Бонки исломии рушд бунёд ёфтааст, дорои 36 синфхона, аз ҷумла 11 синфхонаи фаннӣ, 2 синфхонаи компютерӣ, 2 синфхонаи лингафонӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ, 1-тогӣ озмоишгоҳҳои кимиё, биология ва физика, 2 синфхонаҳои махсуси технологияи ҳунаромўзӣ барои духтарону писарон ва китобхонаи калон мебошад.

Зимни шиносоӣ бо синфҳои компютерӣ зикр гардид, ки нишондодҳои барномаи давлатии компютеркунонии мактабҳо дар ноҳияи Абдурраҳмони ҷомӣ 84,5 фоиз иҷро шудааст.

Ин мактаби муосир, ҳамчунин дорои шифохонахона, ошхона, толори маҷлисӣ бо 252 курсӣ ва толори варзишӣ бо 120 ҷойи нишаст барои тамошобинон мебошад.

Дар ҳудуди мактаб, ки масоҳати он 3 гектарро ташкил мекунад, иморатҳои ёрирасон, аз қабили буғхона бо истифодаи ангиштсангу ҳезум, анбори хоҷагидорӣ, зеристгоҳи трансформаторӣ, обкаши барқӣ ва манораи захирасозии оби нўшокӣ ва ҳамчунин варзишгоҳ сохта шудааст.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мактабҳои навро туҳфаи идонаи ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи солгарди 20 истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз номида, ҳамзамон зикр намуд, ки дар 10 соли охир дар ноҳияи Абдураҳмони ҷомӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногуни маблағгузорӣ 21 мактаби нави замонавӣ сохта, ба истифода дода шуд. Тавре зикр гардид, сохтмони 4 мактаби дигар идома дорад, ки 2 тои он дар давоми соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз ғамхории доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф мардуми ноҳия ва кулли ҷумҳуриро ба таълиму тарбияи босифати насли наврас ва дар рўҳияи ватандўстию хештаншиносӣ ва ифтихор аз давлатдории милли худ парвариш кардани онҳо ҳидоят намуд.

Дар боғи марказии фарҳангиву фароғатии ноҳия Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият ва намояндагони сершумори мардуми ноҳияи Абдурраҳмони ҷомӣ мулоқот намуда, ба суолу дархостҳои онҳо посух дод.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520