Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо кори корхонаи хурди саноатии мебел, оҳангарӣ ва дӯзандагӣ

03.10.2013 13:24, шаҳри Ваҳдат

Дар шаҳраки Андигони шаҳри Ваҳдат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо кори пурсамари корхонаи хурди саноатии мебелсозӣ, оҳангарӣ ва дӯзандагӣ шинос шуд.

Тавре аён гардид, дар ин корхона беш аз 70 нафар ҷавонону духтарон соҳиби кори доимӣ гардидаанд. Дар ошёнаи якуми корхона коргоҳҳои мебелсозӣ ва оҳангарӣ ҷойгир шуда, дар ҳар яки он даҳнафарӣ ҷавонон ба кору ҳунаромӯзӣ ҷалб гардидаанд.

Дар коргоҳи мебелсозии он, асосан навъҳои гуногуни мебелҳое сохта мешаванд, ки арзиши гарон надошта, барои оилаҳои камбизоат ва миёнаҳол пешбинӣ шудаанд.

10 нафар ҷавонон, ки дар коргоҳи оҳангарӣ машғули коранд, дар ин ҷо ҳам ҳунар меомӯзанд ва ҳам маҳсулоти гуногун истеҳсол намуда, 700 сомонӣ маоши моҳона мегиранд.

Онҳо дар ин ҷо аз оҳан дару дарвоза, панҷара, симтур, мех ва бисёр маҳсулоти дар сохтмон васеъ истифодашаванда истеҳсол мекунанд.

Дар коргоҳи дӯзандагӣ бошад, ки дар ошёнаи дуюми корхона ҷойгир шудааст, 50 нафар занону духтарон бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Онҳо дар ин ҷо ба духти либосвории гуногун, аз ҷумла барои мактаббачагону табибон, коргарони касбу кори мухталиф, арӯсу домод, болопӯшҳои ҷойхоб ва ғайра машғул буда, ҳамчунин ҳунари гулдӯзию зардӯзӣ меомӯзанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520