Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо рафти сохтмони маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе

02.10.2013 18:22, шаҳри Душанбе

Бегоҳии рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи сохтмони маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, ки бо ангишт кор хоҳад кард, ташриф оварда, бо рафти корҳо бевосита шинос шуд.

Тавре аён гардид, корҳо барои сохтмону таҷҳизи ин корхонаи азими саноатӣ шабу рӯз ва бо сифати баланд ба роҳ монда шудааст. Ба иттилои масъулин навбати якуми он бо иқтидори 50 мегаватт нерӯи барқ то охири ҳамин моҳ ба кор дароварда мешавад.

Навбати дуюмаш низ то моҳҳои феврал – марти соли 2014 бояд ба кор омода гардида, иқтидори барқтавлидкунии он ба 100 мегаватт мерасад. Хотиррасон бояд намуд, ки оянда иқтидори ин марказ бо 4 агрегат ба 200 мегават хоҳад расид.

Навбати якуми маркази барқу гармидиҳии мазкур зимистони пешомад пурра кор намуда, ғайр аз истеҳсоли нерӯи барқ метавонад то 1,3 миллион метри мураббаъро бо гармӣ таъмин намояд.

Тавре иттилоъ доданд, ҳоло дар сохтмони ин марказ 1550 нафар бо кор таъмин гардидаанд. Намояндаи роҳбарияти ширкати чинии ТВЕА изҳор дошт, ки онҳо “ба ҷалби ҳарчи бештари коргарон аз Тоҷикистон ҳавасманд мебошанд, вале хоҳишмандон аз сокинони маҳаллӣ зиёд нестанд”. Ӯ бо ёдоварӣ аз ҳаҷми маоши бинокори оддӣ, ки 2500 сомониро ташкил медодааст, мутахассисону коргарони соҳаи сохтмони Тоҷикистонро ба кор даъват намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз рафти сохтмон изҳори қаноат карда, таъкид дошт, ки марказ бояд дар муҳлатҳои муайяншуда бо сифати баланд ба кор дароварда шавад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520