Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30.09.2013 17:20, шаҳри Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғози маҷлис масъалаи кадрӣ баррасӣ шуда, аъзои нави ҳайатҳои мушовараи Вазорати корҳои хориҷӣ ва Хадамоти гумрук тасдиқ карда шуд.

Сипас лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014” ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2015 ва 2016 мавриди муҳокима қарор гирифт.

Тавре зикр гардид, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар соли 2014 ба андозаи 48,5 миллиард сомонӣ, болоравии ҳаҷми истеҳсолот бо ифодаи реалӣ 7,6%, таваррум 7,5% ва индекси дефлятор 5,9% ба нақша гирифта шудааст.

Ҳаҷми умумии Буҷети давлатӣ бошад, 13 миллиарду 901 миллион сомонӣ (28,7% ММД) муқаррар гардидааст, ки нисбат ба Буҷети давлатии соли 2013 15,3% ё худ 1,8 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Таъкид гардид, ки Буҷети давлатӣ барои соли 2014 низ чун солҳои дигар бештар хислати иҷтимоӣ хоҳад дошт, зеро қариб нисфи он ба ин соҳаҳо нигаронда шудааст.

Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 ва 2016 бошад, тибқи дурнамо, мутаносибан ба андозаи 15,3 миллиард ва 16,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз рушди бонизоми иқтисодию иқтимоии кишвар, ки новобаста ба таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва дигар омилҳои манфии беруна, ба назар мерасад, изҳори қаноатмандӣ кард. Ҳамзамон таъкид гардид, ки сохторҳои дахлдори давлатӣ барои минбаъд низ муътадил нигоҳ доштани рушди иқтисодиёт ва таъмини нишондодҳои Буҷети давлатӣ бояд бо масъулияти дучанд заҳмат кашанд.

Барномаи давлатии қарзгирии берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016 тасдиқ карда шуд.

Сипас ҳисоботи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир ба рафти иҷрои Нақшаи азхудкунии заминҳои нави обёришаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 шунида шуд.

Чунонки иттилоъ дода шуд, тибқи нақшаи мазкур дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шодобсозии 1347 га замини нав ва ҷудо намудани 12 миллиону 704 ҳазор сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шудааст. Тайи солҳои 2008-2012 дар 7 ноҳияҳои вилоят бо харҷи 5,6 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ 917 га замини нав шодоб гардида, ба истифодаи кишоварзӣ супурда шуд ва ҳолати меллиоративии 402 га замини корам беҳтар гардид. Ба 39 гектари дигар дар ҳамин муҳлат бо ҷалби маблағҳои ғайрибуҷавӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ об бароварда шуд. Соли равон 100 га замин дар ноҳияи Ванҷ аз худ карда мешавад. Ғайр аз ин, соли 2013 98 га заминҳои партов ба гардиши кишоварзӣ дубора ворид гардида, дар майдони 12219 га зироатҳои гуногун кишт карда шудааст.

Тибқи Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 шодоб намудани боз 800 гектар замини дигар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар назар аст.

Тавре зикр гардид, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имкони аз худ кардани боз 4800 га заминҳои нав вуҷуд дорад. Аз ин хотир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки минбаъд ҳар сол то 200 га замин дар ин вилоят шодоб карда шавад.

Як зумра лоиҳаи қонунҳо ва хулосаҳои Ҳукумат ба лоиҳаи қонунҳо доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба қонунҳо “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон”, “Дар бораи бехатарии радиатсионӣ”, “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” ва “Дар бораи ислоҳоти замин” пешниҳод карда шуд. Ҳамчунин хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дастгирии давлатии кӯдакони ятим ва бепарастор” маъқул дониста шуд.

Шартномаи консессионӣ доир ба бунёди Маркази барқугармидиҳии Шӯроб тасдиқ карда шуд. Чунонки иттилоъ дода шуд, ин марказ бо иқтидори истеҳсоли 300 мегават нерӯи барқ бо ҷалби беш аз 400 миллион доллари амрикоӣ сармояи мустақим бунёд карда мешавад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар фароварди маҷлис ба масъулин доир ба омодагии ҷиддӣ ба зимистони пешомад супоришҳои мушаххас дод. Аз мардуми саховатпеша даъват карда шуд, ки дар арафаи иди мубораки Қурбон ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дасти кумак дароз намоянд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520