Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи мактаб-интернат дар ҷамоати Шугноби ноҳияи Ховалинг

29.09.2013 12:36, ноҳияи Ховалинг

Бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Шугноби ноҳияи Ховалинг мактаб-интернат барои 320 нафар хонанда бо хобгоҳаш ва хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Зимни ифтитоҳи мактаб-интернат, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки он бо 15 синфхона барои 320 нафар хонанда пешбинӣ шудааст. 4 синфхонаи он барои фанҳои дақиқ ва дарсҳои компютерӣ махсус гардонда шуда, 6 синфхона дорои тахтаи электронӣ мебошад.

Барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани таълиму тарбияи хонандагон ба ин ҷо омӯзгорони кордону соҳибтаҷриба ҷалб шудаанд. Омӯзгорон бо маоши моҳонаи 2 ҳазор сомонӣ, хонаи истиқоматӣ ва хӯроки бепул таъмин мебошанд. Маоши роҳбари мактаб 2,5 ҳазор сомонӣ муайян шудааст.

Чунонки аён гардид, хобгоҳи мактаб-интернат дорои 320 ҷойи хоб ва шароити хуби зисту дарстайёркунӣ мебошад. Аз ин хотир дар ин мактаб як гурӯҳ хонандагон аз шаҳру ноҳияҳои дигар низ таҳсил мекунанд.

Дар бинои истиқоматии барои мактаб бунёдгардида, ки дорои 10 хонаи барҳаво мебошад, омӯзгорони аз роҳҳои дур ҷалбшуда бо манзили зист таъмин гардидаанд.

Мактаб, ҳамчунин дорои толори барҳавои маҷлисӣ, толори бузурги варзишӣ, майдони варзишӣ ва ошхонаи зебою муҷаҳҳаз мебошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сохтмон ва таҷҳизоти мактаб баҳои баланд дода, ба роҳбарияти корхонаи заршӯии Одина арзи сипос кард. Тавре зикр гардид, ҳам лоиҳакашӣ ва ҳам сохтмони биноҳои мактаб аз ҷониби мутахассисони худи ҳамин корхона анҷом дода шудааст.

Зимни суханронии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла зикр гардид, ки расо ду сол пеш ба субъектҳои хоҷагидори ин ҷамоат, аз ҷумла ба корхонаҳои заршӯии Одина, Союз-Зар ва Ганҷ барои бунёди мактаб-интернат ва ду мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ дар деҳаҳои Шугноб, Сангдара ва Зелолак супоришҳои мушаххас дода шуда буд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар доираи иҷрои ин супоришҳо дар Ҷамоати деҳоти Шугноб аз ҷониби корхонаи заршӯии Одина сохтмони мактаб - интернат, коргоҳи нонпазӣ, коргоҳи заргарӣ бо 30 ҷойи корӣ ва корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш ва маҳсулоти кишоварзӣ, коргоҳи дӯзандагӣ бо 20 ҷойи корӣ пурра ба анҷом расонда шуд. Инчунин сохтмони мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ дар деҳаи Зелолак аз ҷониби корхонаи заршӯии Помир дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, бунёди мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ барои синфҳои ибтидоӣ дар деҳаи Сурхо бо маблағгузории корхонаи Ганҷ пурра ба анҷом расидааст. Ба Вазорати энергетика ва саноат ва корхонаи Союз-Зар дастур дода шуд, ки сохтмони кашолёфтаи мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ дар деҳаи Сангдараро ҳарчи зудтар ба анҷом расонанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520