Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи варзишгоҳи марказӣ дар ноҳияи Тавилдара

27.09.2013 16:49, ноҳияи Сангвор

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба фаъолияти варзишгоҳи марказии ноҳияи Тавилдара ифтитоҳи расмӣ бахшид. Ин варзишгоҳ дар канори руди Хингоб дар масоҳати 2 ҳазору 584 метри муррабаъ сохта шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз ин иншоот ва суҳбат бо варзишгарон иброз дошт, ки дастовардҳои варзишии ҷавонони ноҳия бояд беҳтар шавад. Зеро дар ин макон барои тамрини наврасону ҷавонон шароити мусоид фароҳам омадааст.

Варзишгоҳи марказии ноҳияи Тавилдара, бо маблағи 4 миллиону 500 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ сохта шуда, дорои қариб 4 ҳазор чойи нишаст мебошад, ки барои баргузории чорабиниҳои гуногуни варзишӣ ва фарҳангию маърифатӣ мувофиқ аст. Фармоишгари иншооти мазкур Дирексияи иншооти сохтмонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмонии он аз ҷониби ҶДММ «Умед» ба анҷом расонида шудааст.

Дар варзишгоҳ майдони асосии бозии андозааш 90 ба 60 метр, 2 хуҷраи либосивазкунӣ бо ҳаммомҳо ва ҳуҷраҳои корӣ мавҷуд мебошад.

Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонии баҳои баланд дода, ба масъулини соҳа дастур дод, ки ба тарбияи варзишгарони касбӣ диққати махсус диҳанд.

Ҳоло дар ноҳияи Тавилдара 258 варзишгари касбӣ ба кайд гирифта шудаанд, ки бо бунёд ёфтани варзишгохи нав шумораи онҳо сол то сол зиёд хоҳад шуд.

Аснои суҳбати озоду самимӣ бо сокинон Президенти мамлакат таъкид кард, ки ҳар чи бештар ба таълиму тарбияи фарзанд аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, барои дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ба воя расонидани онҳо масъулиятшинос бошанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520