Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани Шӯъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Тавилдара

27.09.2013 16:48, ноҳияи Сангвор

Дар доираи сафари кории худ ба ноҳияҳои минтақаи Рашт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба ноҳияи Тавилдара ташриф овард. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маросими ба истифода супурдани бинои нави Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Тавилдара иштирок намуда, бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти он расман оғоз бахшид. Бинои мазкур аз 2 ошёна ва таҳҳона иборат буда, дар он барои кормандони мақомоти дохилӣ шароити мусоиди фаъолият фароҳам оварда шудааст.

Зимни шиносоӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки сол то сол шароити моддию техникии шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат беҳтар гардида, амали кардани ин тадбир барои фаъолияти пурсамари кормандони соҳа мусоидат мекунад.

Дар рафти корҳои сохтмонии иншоооти мазкур то 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Бинои нав дар маҷмуъ дорои 30 утоқи корӣ ва 1 маҷлисгоҳ буда, бо тарҳи муосири санъати меъморӣ бунёд ёфтааст.

Президенти мамлакат ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дастуру ҳидоят дод, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ садоқатмандона ва бо масъулияти баланд, фаъолият намоянд.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520