Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи як қатор иншооти хизматрасонӣ дар ноҳияи Ҷиргатол

26.09.2013 15:42, ноҳияи Лахш

Дар маркази ноҳияи Ҷиргатол ҳамчунин бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхона ва тарабхона ба истифода дода шуд.

Сардори давлат лентаи рамзиро бурида, дар маросими хонадоршавии 5 ҷуфти ҷавон иштирок намуд.

Президенти мамлакат оилаҳои ҷавонро бо рӯзи хурсандиашон табрик карда, ба онҳо телевизор, қолин ва дигар лавозимоти рӯзғор туҳфа намуд.

Аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба 100 нафар кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфаҳои хотиравӣ ва ба 6 нафар ятими кул дафтарчаҳои амонатӣ аз Бонки давлатии амонатгузории Амонатбонк бо пасандоз тақдим карда шуд.

Сарвари давлат дар ноҳияи Ҷиргатол ба фаъолият маркази маъмурию тиҷоратии Ваҳдат-Плаза оғози расмиӣ бахшид.

Маркази маъмурию тиҷоратӣ дорои сехи дӯзандагӣ барои 30 ҷойи корӣ ва мағозаи фурӯши матоъ мебошад.

Иншооти мазкур аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Раҳмиддин Асоев бунёд гардидааст.

Сардори давлат нахуст ба сехи дӯзандагӣ ворид шуда, бо шароити кории занону духтарон шинос шуд.

Тавре маълум гардид, ин нахустин сехи дӯзандагӣ дар маркази ноҳия Ҷиргатол ба ҳисоб меравад. Як сехи дӯзандагии дигар дар ҷамоати деҳоти Лахши ноҳия фаъолият дорад, ки дар он 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.

Дар коргоҳи дӯзандагӣ либосҳои ягонаи мактабӣ барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Ҷиргатол омода карда мешавад.

Бо ҳидояти Президенти мамлакат соҳибкор уҳдадор шуд, ки боз дар ошёнаи 2-юми бино як коргоҳи дӯзандагӣ ташкил намуда, 100 ҷойи нави корӣ муҳайё месозад. Хамчунин маоши кормандонро аз 300 ба 500 сомонӣ мерасонад. Дар ин коргоҳи дӯзандагӣ як духтари маъюби гуруҳи як, сокини ноҳияи Ҷиргатол Гулнигор Исмоилова фаъолият дорад, ки бо ҳидояти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон соҳибмулк ба ӯ тӯли ҳар моҳ 1000 сомонӣ маош медиҳад.

Бо пешниҳод ва ҳидояти сарвари давлат дар ҷойи мағозаи фурӯши матоъ барои 50 нафар коргоҳи дӯзандагӣ таъсис дода мешавад. Дар оянда кормандони сехи дӯзандагӣ нақша доранд дӯхти либосҳои махсуси кориро низ ба роҳ монда, тамоми муассисаҳои миёнаи таълимиро бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин хоҳанд намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520