Дар ҷамоати шаҳраки Навобод ҳамчунин бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави шӯъбаи корҳои дохилии Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаи Рашт мавриди истифода қарор гирифт. Шӯъбаи корҳои дохили ду ошёна буда дорои утоқҳои муҷаҳаз бо лавозимоти зарури, толори хурди варзишӣ, ошхона ва утоқҳои махсус мебошад. Минбаъд кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар шароити арзанда фаъолияти босамар хоҳанд намуд.
Сипас Президенти мамлакат дар қисми низомии 051062-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳраки Навобод ҷойгир мебошад, бо шароити хизматии афсарону сарбозон шинос гардид. Сарвари давлат зимни суҳбати озоду самими афсарону сарбозонро ба хизмати содиқонаи халқу ватан ҳидоят намуд.
Маврид ба таъкид аст, ки қисми ҳарбии мазкур яке аз воҳидҳои таъиноти махсус буда, бо аслиҳаву техникаи ҳарбӣ, лавозимоту муҳимоти ҷангӣ ва дигар воситаҳои махсуси муосир таъмин карда шудааст. Намунаи бештари ин воситаҳои муосири техникӣ, ки барои воҳидҳои махсус пешбинӣ шудаанд, дар саҳни қисми ҳарбӣ ба намоиш гузошта шуд.
Дар муддати як сол бо кӯмаку дастгирии Сарвари давлат бинои асосии қисми ҳарбӣ, синфхонаҳои таълимӣ, хонаҳои маишиву фароғатӣ, хобгоҳу ошхонаи сарбозон ва дигар мавзеъҳои барои хизмат зарур сохта мавриди истифода қарор дода шуд.