Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар ҷаласаи кушодаи иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии давлатҳои аъзои СААД

23.09.2013 18:07, Россия

Ҳамтоёни муҳтарам,
Аъзои муҳтарами ҳайатҳо,

Боиси сарфарозист, ки ба мизбонони меҳмоннавозамон ва ба Президенти Русия Владимир Владимирович Путин барои фароҳам овардани шароити беҳтарин ҷиҳати гузаронидани мулоқотамон изҳори миннатдорӣ намоям.

Мулоқоти имрӯзаи мо бо назардошти манфиати умумиамон дар амри бо истифода аз нерӯи СААД мустаҳкам намудани қитъаи тоҷикистонию афғонистонии сарҳади хориҷии Созмон барои мубодилаи афкор аз рӯи тамоми маҷмӯи масоили бароямон ҷолиб имконияти хубу саривақтиро фароҳам меорад.

Тавре ки Шумо медонед, мо барои рушду таҳкими ҳамаҷонибаи ҳамкории стратегӣ дар доираи СААД ҳамеша ба таври ҷиддӣ кӯшиш менамудем ва кӯшиш менамоем.

Чанде пеш ба кишвари мо омадани гуруҳи коршиносони СААД имкон дод, ки масъалаи муҳими расонидани кӯмаки ҳарбию техникӣ ба қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистонро барои таҳкими ҳифзи қитъаи тоҷикистонию афғонистонии сарҳади хориҷии Созмон ва ба сатҳи фаъолияти амалӣ гузаронидани он баррасӣ намоем.

Намояндагони СААД тайи моҳи августи соли ҷорӣ дар кишвари мо буданашон имконият пайдо намуданд, ки бо фаъолияти қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ҷиҳати ташкилу татбиқи ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон мустақиман шинос шаванд. Ба гуруҳи СААД имкон дода шуд, ки аз баъзе қитъаҳои сарҳад дидор намуда, бо вазъи ҳифзу ҷиҳозонидани сарҳадбонони Тоҷикистон шинос шаванд ва ба фикри мо, мушорикони созмонамон ин вазъиятро ба таври муайян арзёбӣ намуда, хулосаю пешниҳодҳо ироа кардаанд.

Ҳамтоёни муҳтарам,

Имрӯз аҳамияти таҳким бахшидани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, ки дар ҳошияи аз қаламрави Афғонистон баровардани қувваҳои ҳарбии байналмилалӣ ба маротиб меафзояд, комилан равшан аст. Раванди ҷараёни вазъияти ин кишвари ҳамсояи мо баъди соли 2014 шаклҳои бисёрҷониба дорад, бинобар ин мо бояд ба ҳамаи онҳо омода бошем.

Воқеияти имрӯзаи минтақа на фақат масъалаи бо намудҳои муосири аслиҳаю техника аз нав таҷҳизонидани артиши мо, балки масъалаи ҳамкории фаъолу судманд дар доираи СААД ба манзури зуд ва таври ҷиддӣ таҳким бахшидани ҳифзи моддию техникии қитъаи тоҷикистонию афғонистонии сарҳадро низ бароямон басо муҳим мегардонад.

Ба Шумо маълум аст, ки вазъияти фаврии ин қитъаи сарҳад чун пештара мураккаб аст. Барои хилофи қонун ба қаламрави Тоҷикистон гузаронидани гуруҳҳои террористӣ ва маводи нашъаовар мунтазам кӯшиш карда мешавад.

Дар ин шароит Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти дахлдори он бояд дар ояндаи наздиктарин барои таҳким бахшидани сарҳади Тоҷикистону Афғонистон як силсила вазифаҳои тағйирнопазирро ҳал намоянд.

Сохтмони биноҳои нави бунгоҳу комендатураҳои сарҳадӣ, аз нав барқарор намудани воситаҳои мавҷудаи хабардиҳӣ, таъмини қӯшунҳо бо воситаҳои посбонии ҳавоӣ, мушоҳида ва бунгоҳҳои радиолокатсионӣ аз ҷумлаи ҳамин вазифаҳоянд.

Табиист, ки мо барои ҳалли ин мушкилот фаъолона чора мебинем. Вақтҳои охир беш аз чил (40) иншооти нави инфрасохтори сарҳадӣ мавриди истифода қарор дода, 90 иншоот таъмири асосӣ шудааст. Қӯшунҳо бо техникаи иловагӣ ва лавозимоти гуногун ҷиҳозонида мешаванд. Вале масоҳати калони сарҳади мо, ки 60 фоизи собиқ сарҳади Шӯравию Афғонистонро ташкил медиҳад, саъю кӯшиш ва маблағҳои боз ҳам зиёдтарро талаб мекунад.

Мо маҳз дар ҳамин кор ба кӯмаки дӯстонамон, ва, пеш аз ҳама, ба мадади моддию техникии СААД умед мебандем.

Мехоҳам ба ҳамтоёнамон барои муҳокимаи муфассали масоили марбут ба таҳким бахшидани сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар ҷаласаи пӯшида изҳори миннатдорӣ намуда ва умедвор бошам, ки он оғози ҳамкории воқеию зичи кишварҳоямон ҷиҳати муқовимат ба таҳдиду хатарҳои имрӯза, намунаи ҳамкории иттиҳодамон дар самтҳои асосӣ мегардад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520