Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташрифи Эмомалӣ Раҳмон ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода

26.06.2011 13:00, шаҳри Душанбе

Имрўз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон толори консертии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо сози бузурги арғунун ва дигар биноҳои ин боргоҳи ҳунар баъди тармиму навсозӣ дубора мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки тўҳфаи басо пурарзиш дар рўзҳои ҷашни Ваҳдати миллии Тоҷикистон арзёбӣ гардид.

Субҳи имрўз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ташриф оварда, натиҷаи корҳои тармиму навсозии умумии онро аз назар гузаронд.

Дар долони даромадгоҳи бинои асосии донишкада Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсули эҷоди устодону донишҷўён, аз ҷумла мусаввараҳои зебою дилкаш, либосҳои саҳнавӣ, китобу дастурҳои таълимӣ, илмию оммавӣ ва бадеӣ, асбобҳои нодири мусиқӣ ва ғайра дидан кард.

Вале тўҳфаи пурарзиши идона ба аҳли санъати Тоҷикистон сози бузурги арғунун буд, ки имрўз баъди қариб 30 соли хомушӣ дар толори тармимшудаи консертӣ дубора садо баровард.

Баъди тармиму навсозии деринтизор имрўз арғунун бори нахуст садо баровард ва бо садою ҳамовозии он пеш аз ҳама Суруди миллии Тоҷикистон суруда шуд. Суруди миллӣ ҳам бо ҳамовозии арғунун имрўз бори аввал садо дод.

Тавре дар суханронии Сарвари давлат зикр гардид, тайи се соли охир барои тармиму навсозии биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, хариди китоб, асбобу ашёи таълимӣ, таҷҳизоти техникӣ ва ҳам тармиму эҳёи сози арғунуни бузург бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмўъ беш аз 7 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Танҳо сози арғунуни бузург, ки паҳноию баландиаш баробари саҳнаи толори консертӣ аст, аз ҷониби мутахассисони Ҷумҳурии Чехия бо харҷи қариб 1 миллион сомонӣ тармиму эҳё шуда, имрўз боиси шодию сурури дўстдорони санъати асили мусиқӣ гардид.

Ба муносибати эҳёи дубораи арғунуни бузург, тармиму навсозӣ ва таҷҳизи биноҳои Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва ҳамчунин ба ифтихори Рўзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон дар ин толори зебои тармимшуда консерти бошукўҳи донишҷўёну устодон ва меҳмонони донишкада баргузор гардид, ки басо ҷолибу диданӣ буд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520