Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи мактаб дар маҳаллаи нави шаҳри Хуҷанд

16.09.2013 14:22, шаҳри Хуҷанд

Иншооти сеюм, ки дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт, мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар маҳаллаи Нав барои 1000 нафар хонанда дар ду баст мебошад.

Чунонки зикр гардид, ин маҳаллаи нав дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд аз соли 2003 ба ин сӯй бунёд ёфта, то ин вақт мактаб надоштааст. Аз ин хотир дар ин ҷо бо харҷи беш аз 4 миллион сомонӣ мактаби нави замонавӣ бо 16 синфхонаи ба талаботи замон ҷавобгӯй бунёд карда шуд.

Кунун шодию нишоти сокинони ин маҳаллаи навбунёдро ҳадду канор нест, зеро то ин вақт фарзандони онҳо ба мактабҳои дур аз макони зисти худ ба дарс мерафтанд.

Ғайр аз ин, бо мавриди истифода қарор гирифтани ин муассисаи таълимӣ мушкили норасоии мактабҳо дар шаҳри Хуҷанд пурра бартараф гардид.

Дар ин мактаб шароити зарурӣ барои дарсҳои омӯзиши асосҳои кор бо компютер, забонҳои хориҷӣ, синфхонаҳои лабароторӣ барои фанҳои дақиқ, ба мисли физика, кимиё, биология ва ҳамчунин толорҳо барои дарсҳои рақс, сурудхонӣ, маҳфилҳои фарҳангӣ, толори маҷлисӣ бо 120 ҷойи нишаст ва ошхонаи барҳаво бо 100 ҷойи нишаст дар сатҳи баланд омода гардидааст.

Ба дарсҳои омодагии ибтидоии ҳарбӣ низ дар ин ҷо таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад. Мактаб, ҳамчунин дорои толори барҳавои варзишӣ ва майдони варзишии калон аст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи мактаби замонавиро ба сокинони маҳаллаи нав ва кулли шаҳри Хуҷанд табрику таҳният гуфта, омӯзгорон ва волидони мактаббачагонро ба таълиму тарбияи босифати насли оянда ҳидоят намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520