Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо корхонаи саноатии Фирӯз

16.09.2013 12:23, шаҳри Хуҷанд

Аз субҳи имрӯз сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар маркази маъмурии он шаҳри Хуҷанд идома ёфт.

Дар шаҳри Хуҷанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба корхонаи саноатии Фирӯз ташриф оварда, бо фаъолияти ибратбахши он бевосита шинос шуд.

Тавре зикр гардид, ин корхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Музаффар Искандаров дар заминаи собиқ фабрикаи корҳои хонагӣ бунёд ёфтааст.

Дар даромадгоҳи корхона намунаҳои маҳсулоти гуногун ба маъраз гузошта шуда буд. Корхона аз коргоҳҳои бофандагӣ, дӯзандагӣ ва истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ иборат аст.

Тавре аён гардид, дар коргоҳи бофандагии ин корхона аз риштаҳои пахтагини корхонаҳои ресандагии ватанӣ матоъҳо барои дӯхти либосҳои варзишии навъи кимано омода мегардад.

Аз ҳамин матоъҳо дар коргоҳи дӯзандагии он киманоҳои навъҳои гуногун барои гӯштин, карате, таэквондо ва дигар намудҳои варзиши тан ба тан дӯхта мешавад.

Аз ҳама ҷолиб ин аст, ки киманоҳои ин корхона ба 22 давлати ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои аврупоӣ бо тамғаи ширкати Фирӯз ва нишонаи истеҳсолии Тоҷикистон содир карда мешавад. Тавре иттилоъ доданд, ширкати Фирӯзи Тоҷикистон яке аз 10 ширкат дар ҷаҳон аст, ки барои дӯхтан ва фурӯши ин намуди либосҳои варзишӣ дар бозори ҷаҳонӣ иҷозатномаи байналмилалӣ доранд.

Бо иқтидори кунуниаш корхона имкон дорад, ки беш аз 40 ҳазор маҷмӯъ либоси варзишӣ дар як сол истеҳсол намояд. Корхона дар соли 2012 аз ҳамин намуди маҳсулот ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ ба хориҷи кишвар содир кардааст ва ин нишондодро дар ояндаи наздик ба 3 миллион сомонӣ расонданӣ аст.

Дар назди корхона ҳамчунин толори калон ва майдони варзишӣ пешкаши ҳаводорони тарзи ҳаёти солим гардидааст. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз толори варзишӣ ба роҳбарияти корхона маслиҳат дод, ки як толори варзишии аз ин васею баланд ва универсалӣ бунёд намуда, дар ин толор боз як коргоҳи дӯзандагӣ бо 60 ҷойи корӣ омода созад. Ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд дастур дода шуд, ки барои сохтмони толори бузурги варзишӣ ба ин соҳибкор дар ҷойи дигар замин ҷудо карда шавад.

Дар корхонаи дару тиреза бошад, бо иқтидори ҳозира 12 ҳазор метри мураббаъ намудҳои гуногуни дару тирезаи пластикӣ дар як сол истеҳсол карда мешавад, ки арзиши аслии он бо нархҳои имрӯза ба 2 млн. сомонӣ баробар аст.

Дар шафати корхона ин соҳибкори ватанӣ як меҳмонхонаи дараҷаи 4 ситора ҳам бунёд намудааст, ки дорои 18 ҷой ва шароити муосир мебошад.

Дар таҳхонаи он ҳаммоми финӣ бунёд ёфтааст, ки он ҳам ба ҳамаи талаботи байналмилалии сатҳи баланд ҷавогӯй аст.

Ҳоло дар ин корхона дар маҷмӯъ зиёда аз 150 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. То Наврӯзи соли оянда шумораи коргарони он бо шумули коргоҳи нави дӯзандагӣ ба зиёда аз 210 нафар хоҳад расид.

Дар яке аз толорҳои ин корхона хатнасури дастаҷамъонаи 20 писарча аз оилаҳои ниёзманд ба роҳ монда шуд, ки кори хайру савоб аст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба наздикони ҳар яки ин кӯдакон тӯҳфаҳои арзишманд, аз ҷумла дучархаи кӯдакона, яхдону телевизор ва дигар ашёи рӯзгор тақдим намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳибкори маҳаллӣ ва ҳамкорону шариконаш барои дастгирӣ аз сиёсати бунёдкорию созандагӣ ва башардӯстонаи Ҳукумати кишвар арзи сипос карда, изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд сафи чунин соҳибкорони баору номус боз ҳам бештар мегардад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520