Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи клиникаи хусуcӣ дар ноҳияи Спитамен

15.09.2013 12:35, ноҳияи Спитамен

Дар деҳаи Саидқӯрғони ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шифохонаи хусусии ташхисию табобатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре аён гардид, ин муассисаи хусусии тиббӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фурқат Абдуҷабборов бо маблағи зиёда аз 3 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. Бинои шифохона сеошёна буда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ аз Япония муҷаҳҳаз гардидааст. Дар ин ҷо, аз ҷумла дастгоҳи ташхисии фаросадоӣ, кардиографи барқӣ, дастгоҳи замонавии дандонпизишкӣ ва ғайра насб гардидааст.

Ин муассисаи тиббӣ дорои 34 кати хоб буда, дар он 20 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ бо кори доимӣ таъмин шудаанд. Маоши кормандон аз 1000 то 2500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Соҳибкор Фурқат Абдуҷабборов бо ҳидояти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин уҳдадор шуд, ки то Наврӯзи соли 2014 як коргоҳи дӯзандагӣ бунёд намуда, 200 нафар занону духтарони маҳаллиро бо кори доимӣ таъмин менамояд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520