Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи беморхонаи марказии нави ноҳияи Ашт

15.09.2013 08:46, ноҳияи Ашт

Субҳи имрӯз сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар ноҳияи Ашт идома ёфт.

Дар ноҳияи Ашт бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ бинои нави беморхонаи марказии ҷамоати шаҳраки Шайдон, ки маркази маъмурии ин ноҳия аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар саҳни ҳавлии беморхонаи нави ноҳиявӣ дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаю башардӯстонаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон хатнасури 20 писарча аз оилаҳои ниёзманд ба таври дастаҷамъӣ ороста шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ин маросими фараҳбахшро ба аҳли байти ин дӯстрӯякон табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки онҳо туҳфаҳои арзишманд, аз ҷумла телевизору яхдон тақдим намуд.

Биноҳои нави беморхонаи марказии ноҳияи Ашт бо буридани лентаи рамзӣ аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Тавре зикр гардид, сохтмони ин биноҳо ҳанӯз соли 1983 оғоз ёфта, дар солҳои 90 уми асри гузашта бо сабабҳои маълум қатъ гардида буд. Идомаи сохтмони биноҳои нимсохт бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2010 бо маблағгузории ҷумҳуриявӣ оғоз ёфт ва то имрӯз бо харҷи беш аз 11 миллион сомонӣ барои баҳрабардорӣ омода гардидааст. Аз он 2 миллиону 200 ҳазор сомонӣ барои хариди дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ масраф шудааст. Беморхона дорои 150 кат буда, ду бинои он сеошёна ва боқимонда биноҳо аз ду ошёна иборат мебошанд. Дар беморхонаи нав беш аз 300 нафар кормандони соҳаи тиб ва хадамоти ёрирасон бо кори доимӣ таъмин мегарданд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо шароити муосири муоина, ташхис ва муолиҷаи беморон дар ин муассисаи муосири тиббӣ шинос шуда, ба сифати корҳои сохтмонӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти наваш баҳои баланд дод.

Чунонки аён гардид, миёни ҳамаи 10 шуъбаи беморхона шабакаи ягонаи алоқаи видеоӣ ба роҳ монда шудааст, ки тавассути он машварату маслиҳатҳои фосилавӣ гузаронда мешаванд.

Беморхонаи нави марказӣ дорои маҷмӯи утоқҳои физиотерапевтӣ мебошад, ки дар онҳо усулҳои гуногуни табобату тавонбахшӣ пешкаш мегардад.

Тамоми шуъбаҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти нав муҷаҳҳазанд. Аз ҷумла таваллудхонаи он бо усули нави аврупоӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин беморхона иловатан 5 мошини ёрии таъҷилии тиббӣ туҳфа намуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳавлии беморхона дар назди кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Ашт суханронӣ намуда, аз ҷумла аз ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумат ба ин соҳа ва таъмини солимии аҳли ҷомеа ёдовар шуд ва табибонро ба хизматрасонии босифат ба ниёзмандон даъват кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520